Забон ҳамчун фазои ваҳдат: Тоҷикистон мизбони Анҷумани сеюми забоншиносони кишварҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг мегардад – ИА Караван Инфо
Забон ҳамчун фазои ваҳдат: Тоҷикистон мизбони Анҷумани сеюми забоншиносони кишварҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг мегардад

Душанбе, 05 январ, – АИ «Корвон Иттилоот».  Моҳи ноябри соли 2026 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг баргузор мегардад. Дар ин хусус Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода, аҳамияти ин ҳамоиши илмиро барои рушди забоншиносии муосир ва таҳкими робитаҳои гуманитарӣ миёни кишварҳои дорои мероси муштараки фарҳангиву забонӣ таъкид менамояд.

Анҷуман аз 15 то 18 ноябри соли 2026 бо ташаббуси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуда, иштироки забоншиносон ва муҳаққиқони давлатҳои гуногуни ҷаҳонро, ки ба омӯзиш ва таҳқиқи забони тоҷикӣ машғуланд, дар назар дорад. Ин ҳамоиш ҳамчун минбари байналмилалӣ барои мубодилаи таҷриба, баррасии равишҳои илмӣ ва густариши ҳамкории академӣ хизмат хоҳад кард.

Забони тоҷикӣ яке аз қадимтарин забонҳои ҷаҳон ба шумор меравад. Бо ин забон донишмандон ва бузургони илму адаб осори оламшумул офарида, дар ташаккули мероси фарҳангӣ ва зеҳнии тамаддуни умумибашарӣ нақши барҷаста гузоштаанд. Маҳз тавассути анъанаи забонӣ ва адабии тоҷикӣ ганҷинаи бузурги фикрӣ ва эстетикӣ то замони мо ҳифз гардидааст.

Имрӯз забони тоҷикӣ забони модарии миллионҳо нафар дар кишварҳое чун Эрон, Афғонистон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Ҳиндустон, Покистон ва дигар давлатҳо мебошад. Ин воқеият ба таърихи куҳани сукунат ва зиндагии тоҷикон дар ин минтақаҳо иртиботи мустақим дорад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ мақоми забони давлатиро дошта, забони модарии аксари аҳолии кишвар маҳсуб меёбад. Рушди устувори он дар доираи «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020–2030», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудааст, таъмин мегардад. Ин барнома ба таҳкими мавқеи забон дар идоракунии давлатӣ, маориф, илм ва фарҳанг равона шудааст.

Дар чунин шароит баргузории Анҷумани сеюми забоншиносон аҳамияти хос пайдо мекунад. Он на танҳо як рӯйдоди илмӣ, балки қадами муҳим дар роҳи ҳифзи мероси забонӣ, ҳамоҳангсозии талошҳои илмӣ ва мутобиқсозии забони қадимии тоҷикӣ ба талаботи ҷаҳони муосир арзёбӣ мешавад.

АКС: Душанбе тревел

error: