Душанбе, 18 ноябр, – АИ «Корвон Иттилоот». 25 ноябр дар Душанбе ҷаласаи хотимавии «Муколамаи занони Осиёи Марказӣ» таҳти унвони «Занон, сулҳ ва амният» баргузор мегардад. Чорабинӣ аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил мешавад ва ҳадафаш муттаҳид кардани талошҳои занон аз минтақа ва берун аз он барои тақвияти сулҳ ва устувории ҷомеа мебошад.

Дар ҷаласа намояндагони ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ, инчунин делегацияҳо аз Эрон ва Озарбойҷон, намояндагони вазорату идораҳо, ташкилотҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятӣ, коршиносони миллӣ ва байналмилалӣ ва занони паноҳҷӯ аз Афғонистон ширкат хоҳанд кард.
Ҳадафи асосии вохӯрӣ муҳокимаи нақши занон дар таъмини сулҳ ва амнияти устувор мебошад. Иштирокчиён таҷрибаи муваффақонаи ташаббусҳои минтақавиро мубодила намуда, барномаи корҳои сулҳофаро баррасӣ менамоянд, ҳамзамон дар бораи омӯзиши касбӣ ва густариши имкониятҳои иқтисодии занон, аз ҷумла занони афғон табодули назар хоҳанд кард. Таваҷҷуҳи махсус ба ҳамкории занон ва ҷавонон барои ташаккули ваҳдати наслҳо ва рушди устувори ҷомеа равона карда мешавад.
Чорабинӣ инчунин платформаи пешниҳод ва муҳокимаи барномаҳои байналмилалиро фароҳам меорад, ки ҳадафаш дастгирии занон-раҳбарон, баланд бардоштани нақши онҳо дар идоракунии ҷомеа ва қабули қарорҳо ва ҳамгироии равиши гендерӣ дар сиёсати амният ва маориф дар минтақа мебошад.
Дар доираи ҷаласа эълон мешавад, ки раёсати «Муколамаи занони Осиёи Марказӣ» дар соли 2026 ба давлати дигар аз аъзои минтақа супорида мешавад, ки ин рамзи ҳамкорӣ ва идомаи муназзами мубодилаи масъулият дар масъалаҳои сулҳ ва амният дар минтақа мебошад.
Ёдовар мешавем, ки нахустин ҷаласаи «Муколамаи занони Осиёи Марказӣ» моҳи ноябри соли 2024 дар Бишкек, Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор шуда, раёсати он барои соли 2025 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашт.
АКС: аз бойгонӣ
