Занону модарони тоҷик: нигини пурҷиллои тоҷи миллат – ИА Караван Инфо
Занону модарони тоҷик: нигини пурҷиллои тоҷи миллат

Душанбе, 04 март, – АИ «Корвон Иттилоот». Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) 3 март дар толори меҳмонхонаи Crowne Plaza Dushanbe ҳамоиши идона таҳти унвони «Занону модарони тоҷик нигини пурҷиллои тоҷи миллатанд» баргузор гардид. Чорабинӣ ба Рӯзи Модар бахшида шуда, нақши занон дар ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишварро баланд арзёбӣ намуд.

Дар чорабинӣ намояндагони сатҳи баланд, аз ҷумла муовини якуми Раиси ҲХДТ Маликшо Неъматзода, муовини Сарвазир Дилрабо Мансурӣ, муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ, Раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Бунафша Файзиддинзода, раиси Шӯрои собиқадорони ҳизб Руқия Қурбонова, ҳамчунин занону бонувони шинохтаи кишвар ва намояндагони кумитаҳои иҷроия аз вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо иштирок намуданд.

Дар оғози ҳамоиш, Маликшо Неъматзода занонро бо Рӯзи Модар самимона табрик карда, қайд намуд, ки сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, заминаи устувори баланд бардоштани мақому манзалати зан дар ҷомеаро фароҳам овардааст. Вай таъкид кард, ки занону модарони тоҷик на танҳо рисолати муқаддаси модариро иҷро мекунанд, балки дар соҳаҳои иқтисод, илм, фарҳанг ва идоракунии давлатӣ низ саҳми арзанда доранд.

Ҳамзамон, баромадкунандагон — Дилрабо Мансурӣ, Мавсума Муинӣ, Бунафша Файзиддинзода ва Руқия Қурбонова — нақши занонро ҳамчун офарандаи ҳаёт, тарбиятгари насли солим, посдори арзишҳои миллӣ ва неруи пешбарандаи ҷомеа баланд арзёбӣ карданд. Бо меҳру муҳаббат, заҳмати содиқона ва масъулияти баланди занону модарон ҷомеа рушд меёбад ва пояҳои давлатдорӣ таҳким меёбанд.

Ҳамоиш таъкид кард, ки ғамхорӣ нисбат ба занону модарон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумат мебошад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ тадбирҳои муассир барои фароҳам овардани шароити мусоиди кору зиндагӣ ва дастгирии ташаббусҳои занон амалӣ шудаанд.

Дар анҷоми ҳамоиш ба иштирокчиён туҳфаҳо тақдим гардиданд ва чорабинӣ дар фазои идона хотима ёфт.

АКС: Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ

error: