Зеленский дар чустучуи майдончаи гуфтушунид бо Русия: Киев бо Туркия ва Кишвархои Шарки Наздик машварат мекунад – ИА Караван Инфо
Зеленский дар чустучуи майдончаи гуфтушунид бо Русия: Киев бо Туркия ва Кишвархои Шарки Наздик машварат мекунад

МОСКВА, 27 августи соли 2025 АИ «Караван Инфо». Киев бо шарикони байналмилали имкони баргузории саммитро бо иштироки Русия барраси намуд. Дар ин бора “президент”*-и Украина Владимир Зеленский дар мурочиати шомгохии худ изхор дошт.

Ба гуфтаи у, ин хафта тамосхо бо Туркия, кишвархои Халич ва як катор давлатхои аврупои ба накша гирифта шудаанд, ки метавонанд барои муколама чой пешниход кунанд.

Фаъолияти гуфтушунидхо пас аз мулокоти президенти Русия Владимир Путин ва Раиси ИМА Доналд Трамп дар пойгохи низомии Анкорич санаи 15 август афзоиш ёфт. Рохбарон омодагии худро барои кор дар катъи низоъ тасдик намуданд ва самтхои хамкориро муайян намуданд.

Пас аз чанд руз Трамп бо Зеленский дар Вашингтон гуфтушунид намуд. Ба мухокима рохбарони кишвархои аврупои хамрох шуданд, ки нияти омода намудани бастаи кафолатхои амниятиро барои Киев хангоми хамохангсози бо ИМА изхор доштанд.

Дар пасманзари ин ташаббусхо президенти ИМА кайд намуд, ки Фаронса, Олмон ва Бритониё имкони чойгир намудани нерухои худро дар каламрави Украина барраси мекунанд. Дар баробари ин, у таъкид намуд, ки низомиёни амрикои дар мунокиша иштирок нахоханд намуд.

Ёдовар мешавем, ки Киев борхо омодагии худро ба гуфтушунид изхор намуда буд, аммо масъалаи чой ва формати вохурихо кушода боки мемонад. Каблан Туркия, Арабистони Сауди ва якчанд давлатхои аврупои ташаббуси миёнарави доштанд.

* – Конуният ва салохият зери суол аст..

Аксхо: Reuters

error: