Казокистон, 10 июни соли 2025 – АИ «Караван Инфо». Вазорати рушди раками, инноватсия ва саноати аэрокосмосии ЧК ва ЧС “Казахтелеком” созишномаи сармоягузори дар бораи пайвастшави ба интернет зиёда аз 3000 махалли ахолинишини дехотро ба имзо расониданд.
Бо шарофати созишномахои бадастомада, сохтмони хатхои алокаи нахи-оптики як сол пеш аз мухлати пешбинишуда то охири соли 2026 ба анчом мерасад. Пайвастшави дар минтакахои дурдаст тавассути каналхои алокаи мохвораи то охири соли 2027 таъмин намуда мешавад.

Хамин тарик, то охири соли 2027 99% дехахои кишвар бо интернети баландсуръат таъмин намуда мешаванд. Ба кариби мактабхо, беморхонахо, бинохои маъмури, ташкилотхои бучети, нуктахои дастрасии чамъияти ва инчунин зиёда аз 40 гузаргох дар сархадхои давлати ба шабака дастраси пайдо мекунанд. Пайвастшавии махалхои ахолинишини дехоти хам тавассути каналхои нахи-оптики (88%) ва хам тавассути каналхои мохвораи (12%) амали намуда мешавад.
Хачми умумии сармоягузории гайрибучети ба лоиха зиёда аз 239 миллиард тенгеро ташкил медихад. Ин бо истифодаи бузургтарин инфрасохтори телекоммуникатсионии ЧСК “Казахтелеком” имконпазир шуд. Илова бар ин, инфрасохтори пойгоххои алокаи мобили дар дехот таквият дода мешавад. Гузоштани хатхои нахи оптики ба ин иншоотхо сифати интернет ва алокаи мобилиро ба таври назаррас баланд мебардорад, ки дастрасии устувор ва зудро ба иттилоот таъмин мекунад.
Вазири рушди раками, инноватсия ва саноати аэрокосмосии ЧК Жаслан Мадиев таъкид намуд, ки “мо заминаи раками мегузорем, ки барои рушди минтакахо шароити баробар фарохам меорад”. Вай афзуд, ки “вазифаи мо на танхо пайваст намудани дехахо ба интернет, балки ворид намудани онхо ба экосистемаи ракамии кишвар аст.” Раиси Раёсати ЧС “Казахтелеком” Багдат Мусин изхор дошт, ки “мухим он аст, ки ба кудаки деха ва кудаки шахр имкониятхои баробар вучуд дошта бошад: омузиш, рушд ва истифодаи технологияхои муосир”.
Сурат: МСРИАП ЧК