Комиссари Иттиходи Аврупо оид ба кишоварзи Януш Войсеховский 5-6 сентябр ба Узбекистон ташриф меорад. Ин чорабини ахамияти тахкими шарикии байни ИА ва Узбекистонро дар халли масъалахои глобали, аз кабили тагйирёбии иклим ва амнияти озукавори ва ноил шудан ба хадафхои рушди устувор таъкид мекунад.

Дар доираи сафар Януш Войсеховский дар ифтитохи форуми байналмилалии «кишвархои ру ба инкишоф, ки ба бахр баромад надоранд: амнияти озукавори ва хадафхои рушди устувор» суханрони хохад намуд. Дар суханронии худ у кушишхои ИА-ро барои дастгирии усулхои устувори кишоварзи ва таъмини амнияти озукавори, бо таваччухи махсус ба кишвархои ру ба таракки бидуни дастраси ба бахр таъкид хохад намуд.
Комиссар инчунин, бо намояндагони хукумати Узбекистон, аз чумла бо вазири кишоварзи Иброхим Абдурахмонов мулокот хохад намуд. Дар чараёни вохурихо мухокимаи масъалахои густариши хамкории кишоварзи, дурнамои савдо ва ташаббусхои муштарак оид ба пешбурди кишоварзии устувор ба накша гирифта шудааст.
Аксхо: Иттиходи Аврупо