Вохӯрии раиси Кумитаи сармоягузорӣ бо ҳайати «ВАПКОС Лимитед» — ИА Караван Инфо
Вохӯрии раиси Кумитаи сармоягузорӣ бо ҳайати "ВАПКОС Лимитед"

2 сентябри соли 2024 мулоқоти раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идоракунии амволи давлатӣ Раҳимзода Султон бо роҳбари ширкати консалтингии Ҳиндустон дар соҳаи захираҳои об, гидроэнергетика ва инфрасохтор «WAPCOS Limited» Агравал Р. баргузор гардид

Дар ҷараени мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҷалби сармоягузорӣ ба бахши гидроэнергетика, татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ ва дигар лоиҳаҳои афзалиятноки кишварро баррасӣ намуданд.

Зикр гардид, ки татбиқи Лоиҳаи CASA-1000 омили муҳими таҳкими ҳамкориҳои дуҷонибаи энергетикӣ буда, ҳарду ҷониб омодагии худро барои таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар самтҳои зикршуда изҳор намуданд.

Акс: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

error: