Соли 2024 109 хона барои оилахои аз офатхои табии зарардида баркарор намуда шуд – ИА Караван Инфо
Соли 2024 109 хона барои оилахои аз офатхои табии зарардида баркарор намуда шуд

Соли 2024 барои оилахое, ки аз офатхои табии зарар дидаанд, 109 хонаи истикоматии чорхучраги сохта ва ба истифода дода шуд, ки пурра бо тамоми шароити зарури мучаххаз намуда шудаанд. Дар ин бора Раиси Кумитаи холатхои фавкулодда ва мудофиаи граждании назди Хукумати Чумхурии Точикистон Рачабали Рахмонали дар нишасти матбуоти барои хабарнигорон хабар дод.

“Дар асоси фармонхои дахлдори комиссияи Давлатии Хукумати Чумхурии Точикистон оид ба холатхои фавкулодда ба оилахои фавтидагон ва зарардидагон пардохтхои яквактаи модди, инчунин масолехи сохтмони, молхои озукавори ва гайрихуроквори ба маблаги умумии 50 миллиону 570 хазор сомони дода шуд”, – гуфт раиси кумита.

Хамчунин хабар дода шуд, ки дар соли 2024 дар натичаи офатхои табии дар мачмуъ 334 хона осеб дидааст. Аз ин шумора 102 хона пурра хароб шудааст, 58 кисман, 174 бо осебхои ночиз, инчунин 1915 иншооти ёрирасон зарар дидаанд.

Аксхо: аз манбаъхои кушода

error: