Қазоқистон дар оғози платформаи Иттиҳоди Аврупо оид ба алоқамандии минтақаҳо иштирок намуд - ИА Караван Инфо
Қазоқистон дар оғози платформаи Иттиҳоди Аврупо оид ба алоқамандии минтақаҳо иштирок намуд

Брюссел, 24 июни соли 2026-АИ «Караван Инфо». Муовини вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Арман Исетов дар оғози Платформаи рӯзномаи алоқамандӣ (Connectivity Agenda Platform) иштирок намуд. Платформа ҳамкории байни Осиёи Марказӣ, Қафқози Ҷанубӣ, минтақаи Баҳри Сиёҳ ва Иттиҳоди Аврупо (ИА) – ро дар нақлиёт, энергетика ва рақамисозӣ рушд медиҳад.

Исетов таъкид намуд, ки Қазоқистон бузургтарин иқтисоди Осиёи Марказӣ ва пайвандгари Аврупо ва Осиё мебошад. Вай оғози платформаро дар натиҷаи созишномаҳо дар вохӯрии вазирон дар Люксембург (октябри соли 2025) истиқбол намуд. Ба гуфтаи ӯ, механизми нав ҳамкориҳои амалкунанда, аз ҷумла платформаи Ҳамоҳангсозиро оид ба рушди Хатсайри байналмилалии транскаспий (TMTM – роҳҳо аз Осиё ба Аврупо Тавассути Каспий) пурра хоҳад намуд.

Иштирокчиён навсозии инфрасохтор, ҷалби сармоягузорӣ ва мушкилот дар соҳаҳои нақлиет, энергетика ва рақамисозиро баррасӣ намуданд.

Дар чорабинӣ намояндагони Комиссияи Аврупо, вазирони Кишварҳои Осиёи Марказӣ, Қафқози Ҷанубӣ ва минтақаи Баҳри Сиёҳ, роҳбарони бонки Сармоягузории Аврупо (EIB), бонки Аврупоии таҷдид ва рушд (EBRD), бонки Ҷаҳонӣ (World Bank) ва доираҳои тиҷоратӣ иштирок намуданд. Қазоқистон омодагии худро барои иштироки фаъолона дар кори платформа ва пешбурди лоиҳаҳои муштараки инфрасохторӣ тасдиқ намуд.

Аксҳо: ВКХ ҶҚ