Дар Душанбе аҳамияти забони давлатӣ дар таҳкими давлатдорӣ баррасӣ шуд - ИА Караван Инфо
Дар Душанбе аҳамияти забони давлатӣ дар таҳкими давлатдорӣ баррасӣ шуд

Душанбе, 03 октябр — АИ «Корвон Иттилоот». Имрӯз дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Забон ва 35 соли Истиқлол» Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.

Дар кори конференсия роҳбарону кормандони вазорату идораҳо, олимону пажӯҳишгарон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуда, масъалаҳои марбут ба нақши забони давлатӣ дар таҳкими давлатдорӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва рушди ҷомеаи муосирро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Конференсияро Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои филология, профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саҳидод Раҳматуллозода ифтитоҳ намуда, дар мавзӯи «Забони тоҷикӣ — ифтихори миллати ориёнтабор» маърӯза кард.

Зимни маърӯза таъкид гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ мақому манзалати забони давлатӣ таҳким ёфта, барои рушди ҳамаҷониба ва истифодаи васеи он дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа заминаҳои мусоид фароҳам оварда шудаанд.

Ҳамчунин вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саодатшо Матробиён дар мавзӯи «Аҳаммияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар ҷомеаи муосир» маърӯза намуда, нақши ин санадро дар танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ ва густариши истифодаи забони давлатӣ баррасӣ кард.

Дар бахши ҷамъбастии конференсия иштирокчиён вобаста ба рушди минбаъдаи забони давлатӣ, такмили истилоҳоти соҳавӣ ва таҳкими фарҳанги забондонӣ мубодилаи афкор намуда, андешаҳо ва пешниҳодҳои худро баён карданд.

АКС: Радиои “Садои Душанбе”