Остона, 17 ноябри соли 2026-АИ Караван Инфо. Директори мустақили ҶС "Маркази Миллии нейрохирургия" Гулжан Бекмагамбетова бар ин назар аст, ки як аудит барои саривақт ошкор намудани қонуншиканиҳои молиявӣ ва хароҷоти бесамар кофӣ нест. Барои ин, ширкатҳо ба системаи мукаммали назорати дохилӣ ва идоракунии хавфҳо ниёз доранд. Ба гуфтаи коршинос, аудити...
Ихтироъкорони ҷавони Тоҷикистон дастовардҳои илмӣ-техникии худро дар Ассамблеяи байналмилалӣ дар Россия муаррифӣ карданд
Душанбе, 16 ноябр, - АИ «Корвон Иттилоот». Намояндагони ҷомеаи илмӣ-техникии Тоҷикистон дар Ассамблеяи байналмилалии ихтироъкорони ҷавон, ки рӯзҳои 10–11 ноябр дар шаҳри Великий Новгороди Федератсияи Россия баргузор гардид, иштирок намуданд. Дар доираи чорабинӣ намоишгоҳи дастовардҳои илмӣ-техникӣ ва натиҷаҳои фаъолияти зеҳнӣ ташкил карда шуда, ихтироъкорони ҷавон ва намояндагони ҷомеаи илмии нӯҳ...
Дар Душанбе корхонаи нави заргарии «Зари Душанбе» бо иқтидори истеҳсоли то 35 ҳазор маснуот ифтитоҳ гардид
Душанбе, 16 ноябр, - АИ «Корвон Иттилоот». Рушди коркарди металлҳои қиматбаҳо ва тавсеаи истеҳсоли ватании маснуоти заргарӣ ба яке аз самтҳои таҳкими иқтидори саноатии Тоҷикистон табдил меёбад. Қадами навбатӣ дар ин самт ифтитоҳи корхонаи нави ҶДММ «Зари Душанбе» дар ноҳияи Синои пойтахт мебошад, ки иқтидори истеҳсолии он барои истеҳсоли то...
Имзои Ёддошти тафоҳум байни вилояти Хатлон ва вилояти Новосибирск
Душанбе, 14 ноябр, - АИ «Корвон Иттилоот». 12 ноябр дар шаҳри Новосибирски Федератсияи Россия дар доираи сафари корӣ Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо Губернатори вилояти Новосибирск Андрей Травников мулоқот намуда, Ёддошти тафоҳум байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати вилояти Новосибирски Федератсияи Россияро ба имзо...
Шаффофияти соҳаи истихроҷ ва ҳифзи захираи тилло: Дар Тоҷикистон тағйирот ба қонун дар бораи металлҳои қиматбаҳо эътибор пайдо кард
Душанбе, 14 ноябр, - АИ «Корвон Иттилоот». Созишномаҳо бо ширкатҳои хориҷӣ дар соҳаи истихроҷи тилло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон акнун аз экспертизаи ҳатмии зиддикоррупсионӣ мегузаранд ва фаъолияти заршӯйӣ (старателӣ) таҳти танзими бевоситаи давлатӣ қарор мегирад. Тағйиру иловаҳои дахлдор ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо» дар портали...
Тоҷикистон афзалиятҳои сармоягузории худро дар Конфронси умумиҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева муаррифӣ кард
Душанбе, 13 ноябр, - АИ «Корвон Иттилоот». Рушди энергетикаи барқароршаванда, таҳкими робитаҳои иқтисодии минтақавӣ, навсозии инфрасохтор ва густариши ҳамкории байналмилалии сармоягузорӣ аз самтҳои калидие буданд, ки Тоҷикистон дар Конфронси 30-уми умумиҷаҳонии сармоягузорӣ (World Investment Conference 2026) дар шаҳри Женева муаррифӣ намуд. Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии...
Кодекси нави Шаҳрвандӣ барои таҳкими ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон ва тиҷорат пешбинӣ шудааст
Остона, 12 ноябри соли 2026-АИ Караван Инфо. Таҳияи кодекси Нави Шаҳрвандии Қазоқистон бояд ислоҳоти комплексӣ бошад, ки ба баланд бардоштани эътимоднокии ҳуқуқӣ ва устувории гардиши шаҳрвандӣ равона намуда шудааст. Дар ин бора директори Институти қонунгузорӣ ва иттилооти ҳуқуқии Вазорати адлияи ҶҚ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Жанар Ҷигитекова изҳор дошт. Ба гуфтаи...
Тоҷикистон ва Қазоқистон муносибатҳои иттифоқиро тақвият медиҳанд: ҳамкории иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва самтҳои нави шарикӣ
Душанбе, 11 ноябр, - АИ «Корвон Иттилоот». Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон, ки рӯзҳои 5–7 ноябри соли 2026 идома дорад, марҳилаи муҳим дар рушди муносибатҳои Тоҷикистону Қазоқистон ба шумор меравад. Тақвияти шарикии стратегӣ ва муносибатҳои иттифоқӣ, густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, ҷалби сармоя,...
Сергей Агафонов: энергетикаи Қазоқистон ба ислоҳоти амиқи бозор ниёз дорад
Остона, 09 ноябри соли 2026-АИ Караван Инфо. Норасоии иқтидорҳои тавлидкунанда, фарсудашавии шабакаҳо ва афзоиши истеъмол мушкилоти мубрами энергетикаи Қазоқистон боқӣ мемонад. Аммо, як масъалаи муҳим модели иқтисодии соҳа аст. Раиси ассотсиатсияи Green Platform Kazakhstan (Грин Платформаҳои Қазоқистон) Сергей Агафонов бар ин назар аст, ки системаи амалкунандаи тарифсозӣ корхонаҳоро барои кам...
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Душанбе, 9 ноябр, - АИ «Корвон Иттилоот». Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Қазоқистон 7 ноябр дар ҳузур ва бо иштироки сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Қосим-Жомарт Тоқаев маросими имзои 20 санади нави ҳамкорӣ бургузор шуд. Нахуст сарони давлатҳо зери Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...
Тоҷикистон ва Қазоқистон густариши шарикии стратегӣ ва ҳампаймониро баррасӣ карданд
Душанбе, 9 ноябр, - АИ «Корвон Иттилоот». Дар қасри президентии Ақорда мулоқоту музокироти расмии сатҳи олӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид. Мавзӯи меҳварии гуфтугӯҳо рушди минбаъдаи шарикии стратегӣ ва таҳкими муносибатҳои ҳампаймонӣ миёни ду давлат буд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз раванди рушди ҳамкории дуҷониба дар...
Ҳамкории энергетикии Душанбе ва Остона: Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Қазоқистон масъалаҳои соҳаи нафту газро баррасӣ карданд
Душанбе, 7 ноябр, - АИ «Корвон Иттилоот». 6 ноябри соли 2026 дар шаҳри Остона дар ҳошияи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон мулоқоти вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо вазири энергетикаи Ҷумҳурии Қазоқистон Ерлан Аккенженов баргузор гардид. Зимни мулоқот...












