Душанбе, 14 ноябр, – АИ «Корвон Иттилоот». 12 ноябр дар шаҳри Новосибирски Федератсияи Россия дар доираи сафари корӣ Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо Губернатори вилояти Новосибирск Андрей Травников мулоқот намуда, Ёддошти тафоҳум байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати вилояти Новосибирски Федератсияи Россияро ба имзо расониданд.

Ҳуҷҷат бо дарназардошти аҳамияти рушди иқтидори ҳамкориҳои дуҷониба, таҳкими минбаъдаи робитаҳои дӯстона ва густариши равобити судманд миёни ду минтақа таҳия гардидааст.
Тибқи муқаррароти Ёддошти тафоҳум, ҷонибҳо рушди ҳамкориҳоро дар соҳаҳои саноат, маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва фарҳанг яке аз самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои минбаъда арзёбӣ намудаанд.
Ҳамзамон табодули таҷриба ва иттилоот, мубодилаи мутахассисону ҳайатҳо, мусоидат ба татбиқи барномаҳо ва лоиҳаҳои муштарак, таъсиси гурӯҳҳои кории муштарак ва баргузории машваратҳо аз ҷумлаи самтҳои асосии ҳамкорӣ муайян гардидаанд.
Ҷонибҳо барои рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ, таҳкими робитаҳои шарикӣ байни субъектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати барқарорсозии робитаҳои мустақим байни ташкилотҳои давлатӣ, ғайридавлатӣ ва ҷамъиятӣ ҳавасмандӣ изҳор намудаанд.
Вилояти Хатлон дар самти густариши ҳамкориҳои минтақавӣ бо субъектҳои Федератсияи Россия таҷрибаи назаррас дорад. То имрӯз бо вилоятҳои Астрахан, Омск, Оренбург, Челябинск, Киров, Ленинград, Пенза, Иваново, Новосибирск, Свердловск ва Ярославл, инчунин Ҷумҳурии Бошқирдистон ва кишвари Олтой созишнома ва ёддоштҳои тафоҳум ба имзо расидаанд.
Соли ҷорӣ миёни вилояти Хатлон ва вилояти Пензаи Федератсияи Россия созишномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расида буд, ки барои таҳкими минбаъдаи робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва гуманитарӣ заминаи мусоид фароҳам овард.
Баимзорасии Ёддошти тафоҳум бо вилояти Новосибирск қадами муҳим дар роҳи тавсеаи ҷуғрофияи ҳамкориҳои байналмилалии вилояти Хатлон буда, барои ба роҳ мондани робитаҳои мустақим, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва истифодаи имкониятҳои мавҷуда дар соҳаҳои гуногун заминаи мусоид фароҳам меорад.
Ёддошти тафоҳум аз рӯзи ба имзо расидан мавриди амал қарор гирифта, то замони бастани Созишнома дар бораи ҳамкорӣ байни ҷонибҳо амал мекунад.
Чунин санадҳо механизми амалии рушди ҳамкориҳои байниминтақавиро таъмин мекунанд. Барои вилояти Хатлон, ки яке аз минтақаҳои калидии иқтисодии Тоҷикистон аст, васеъ кардани ҷуғрофияи шарикони русӣ имкони ҷалби сармоя, мубодилаи таҷриба ва татбиқи лоиҳаҳои муштаракро дар соҳаҳои афзалиятнок фароҳам меорад. Ҳамкории мустақим байни минтақаҳо ба таҳкими робитаҳои иқтисодӣ ва гуманитарӣ байни ду кишвар мусоидат менамояд.
Акс: Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон
