Душанбе, 13 ноябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Рӯзҳои 12–14 ноябри соли 2026 дар шаҳри Краснодар, Федератсияи Россия, Фестивали байналмилалии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии соҳаи санъати мусиқии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) таҳти унвони «Гарданбанди навоҳо» («Ожерелье мелодий») баргузор мегардад.

Дар фестивал ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов иштирок дорад. Ҳайат аллакай ба шаҳри Краснодар расида, фаъолона дар чорабиниҳои фестивалӣ ширкат меварзад.
Ҳадафи иштирок — муаррифии санъати мусиқии тоҷик, фарҳанги миллӣ ва анъанаҳои ҳунарии кишвар, инчунин таҳкими робитаҳои байналмилалӣ, табодули таҷриба ва густариши ҳамкорӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай мебошад.
Иштироки Консерватория дар фестивал барои муаррифии истеъдоди ҷавонони тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ва баланд бардоштани мақоми санъати мусиқии миллӣ замина фароҳам меорад.
Ба ҳайати Консерватория дастовардҳои назарраси эҷодӣ ва муаррифии шоистаи ҳунари тоҷик таманно дорем.
Чунин фестивалҳо майдони муҳими мубодилаи фарҳангӣ байни кишварҳои СҲШ мебошанд. Онҳо ба ҷавонон имкон медиҳанд, ки на танҳо ҳунари худро нишон диҳанд, балки бо анъанаҳои мусиқии дигар дигар халқҳо шинос шаванд ва робитаҳои касбӣ барқарор кунанд. Барои Тоҷикистон иштирок дар чунин чорабиниҳо воситаи самараноки пешбурди мероси мусиқии миллӣ ва таҳкими ҳамкории гуманитарӣ дар фазои СҲШ аст.
Акс: Консерваторияи миллии Тоҷикистон
