Тоҷикистон афзалиятҳои сармоягузории худро дар Конфронси умумиҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева муаррифӣ кард - ИА Караван Инфо
Тоҷикистон афзалиятҳои сармоягузории худро дар Конфронси умумиҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева муаррифӣ кард

Душанбе, 13 ноябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Рушди энергетикаи барқароршаванда, таҳкими робитаҳои иқтисодии минтақавӣ, навсозии инфрасохтор ва густариши ҳамкории байналмилалии сармоягузорӣ аз самтҳои калидие буданд, ки Тоҷикистон дар Конфронси 30-уми умумиҷаҳонии сармоягузорӣ (World Investment Conference 2026) дар шаҳри Женева муаррифӣ намуд.

Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода дар ин ҳамоиши байналмилалӣ дидгоҳи кишварро оид ба дурнамои рушди сармоягузории ҷаҳонӣ дар даҳсолаи оянда баён намуда, соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллиро барои ҷалби сармояи хориҷӣ муаррифӣ кард.

10 ноябри соли 2026 Султон Раҳимзода дар мизи мудаввари вазирон таҳти унвони «Даҳсолаи ояндаи сармоягузории ҷаҳонӣ» (The Next Decade of Global Investment), ки дар доираи конфронси мазкур баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд. Конфронс рӯзҳои 10–12 ноябр дар шаҳри Женеваи Швейтсария идома дорад.

Ҳамоиши мазкур бо ташаббуси Ассотсиатсияи умумиҷаҳонии агентиҳои пешбурди сармоягузорӣ (WAIPA) баргузор гардида, намояндагони воломақоми мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ, агентиҳои сармоягузорӣ ва доираҳои соҳибкории кишварҳои гуногунро ба ҳам овард.

Дар меҳвари муҳокимаҳо тамоюлҳои муосири ҳаракати сармоя дар ҷаҳон, механизмҳои нави ҷалби сармоягузорӣ ва дурнамои ташаккули иқтисодиёти устувор ва ба ҳам пайвастаи ҷаҳонӣ қарор доштанд.

Зимни суханронӣ раиси Кумитаи давлатӣ мавқеъ ва равиши Тоҷикистонро нисбат ба рушди ҳамкории сармоягузорӣ дар шароити дигаргуниҳои технологӣ ва афзоиши аҳаммияти устувории экологӣ баён намуд. Дар ин замина, гузариш ба энергетикаи «сабз», рушди инфрасохтори нақлиётӣ, энергетикӣ ва рақамӣ, таҳкими робитаҳои иқтисодии минтақавӣ ва густариши ҳамкорӣ бо шарикони байналмилалӣ аз самтҳои афзалиятнок арзёбӣ гардиданд.

Ба иқтидори бузурги энергетикии кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Ба гуфтаи Султон Раҳимзода, захираҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон тақрибан 527 миллиард киловатт-соатро дар як сол ташкил медиҳанд. Ин имкониятҳои васеъро барои рушди минбаъдаи энергетикаи барқароршаванда ва афзоиши истеҳсоли неруи барқи аз лиҳози экологӣ тоза фароҳам меорад.

Дар ин росто, ба сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» — яке аз бузургтарин лоиҳаҳои энергетикии минтақа таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Татбиқи ин тарҳ на танҳо барои таҳкими амнияти энергетикии Тоҷикистон аҳаммияти муҳим дорад, балки метавонад ба рушди ҳамкории энергетикии минтақавӣ ва таъмини устувори неруи барқ мусоидат намояд.

Ҳамзамон, Султон Раҳимзода аҳаммияти навсозии инфрасохтори нақлиётӣ, рушди шабакаҳои рақамӣ ва дигар иншооти асосии инфрасохториро таъкид кард. Рушди ин бахшҳо барои густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ, баланд бардоштани самаранокии ҳамлу нақли фаромарзӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои нав барои татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Дар байни соҳаҳои афзалиятноки ҷалби сармоя ба иқтисоди Тоҷикистон комплекси агросаноатӣ, саноати нассоҷӣ ва кӯҳӣ, коркарди ашёи хоми маъданӣ, сайёҳӣ, хизматрасониҳои рақамӣ ва истеҳсолоти муосир номбар гардиданд. Ин самтҳо фарогирии васеи имкониятҳои сармоягузориро инъикос намуда, ба рушди истеҳсолоти коркард, истифодаи самараноки захираҳои дохилӣ ва афзоиши ҳиссаи маҳсулоти дорои арзиши иловашудаи баланд нигаронида шудаанд.

Қисмати алоҳидаи суханронӣ ба механизмҳои маблағгузории лоиҳаҳои сармоягузорӣ бахшида шуд. Раиси Кумитаи давлатӣ зарурати густариши шарикии давлат ва бахши хусусӣ, ҷорӣ намудани воситаҳои инноватсионии маблағгузорӣ, ҷалби сармояи хусусӣ ва таҳкими ҳамкорӣ бо ниҳодҳои байналмилалии молиявиро таъкид намуд.

Зикр гардид, ки самаранокии сиёсати сармоягузорӣ набояд танҳо бо ҳаҷми маблағҳои ҷалбшуда муайян карда шавад. Таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ворид намудани технологияҳои муосир, рушди малакаҳои касбӣ ва сармояи инсонӣ, инчунин баланд бардоштани устувории иқтисоди миллӣ низ аз нишондиҳандаҳои муҳими натиҷабахшии фаъолияти сармоягузорӣ ба ҳисоб мераванд.

Иштироки Тоҷикистон дар муколамаи вазирон дар Женева барои муаррифии афзалиятҳои сармоягузории кишвар дар назди ҷомеаи байналмилалии соҳибкорӣ ва молиявӣ имконияти муҳим фароҳам овард. Дар шароити афзоиши рақобати кишварҳо барои ҷалби сармояи дарозмуддат, на танҳо пешниҳоди лоиҳаҳои ояндадор, балки фароҳам овардани шароити мусоид барои татбиқи самараноки онҳо низ аҳаммияти бештар касб мекунад.

Дар анҷоми суханронӣ Султон Раҳимзода омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои идомаи тадбирҳо ҷиҳати беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, рушди соҳибкорӣ ва густариши ҳамкории мутақобилан судманд бо сармоягузорони хориҷӣ ва шарикони рушд таъкид намуд. Зикр гардид, ки Тоҷикистон барои татбиқи лоиҳаҳои ояндадори сармоягузорӣ боз буда, омода аст дар пешбурди рушди устувор ва фарогири иқтисодӣ ҳамкории фаъол дошта бошад.

Акс: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.