Дар Абу-Даби мулокоти Хайати Точикистон бо сарварии Вазири саноат ва технологияхои нави Чумхурии Точикистон Шерали Кабир бо гурухи тадкикотии Шурои Аморатхо оид ба технологияхои пешрафта баргузор гардид.

Шурои Аморати муттахидаи араб оид ба технологияхои пешрафта дар рушд ва навовари дар сохахое, ба монанди кишоварзи, тандурусти, экология ва киберамният накши мухим мебозад.
Дар чараёни мулокот чонибхо дурнамои хамкориро дар сохаи тахкикот ва татбики технологияхои инноватсиони барраси намуданд. Ба истифодаи зехни сунъи барои баланд бардоштани самараноки ва сифат дар сохаи маориф, кишоварзи, тандурусти, хифзи мухити зист ва киберамният диккати махсус дода шуд. Иштирокчиён зарурати ба назар гирифтани хусусиятхо ва ниёзхои харду кишварро хангоми тахия ва татбики карорхои технологи таъкид намуданд.
Вазир Шерали Кабир кайд намуд, ки чунин шарики барои Точикистон ахамияти стратеги дорад. Вай таъкид намуд, ки чори намудани технологияхои инноватсиони имкон медихад, ки рушди сохахои асосии иктисодиети мамлакат суръат гирифта, дар сохахои гуногун пешрафти устувор таъмин намуда шавад.
Чонибхо омодагии худро барои хамкории минбаъда изхор намуданд, ки барои табодули тачриба ва татбики лоихахои муштарак дар сохаи технологияхои баланд имкониятхои нав фарохам меорад.
АКСХО: вазорати саноат Ва технологияхои нави Чумхурии Точикистон