Точикистон ва Бонки Чахони шарикии наклиётро таквият медиханд: таваччух ба устувори ва потенсиали транзити – ИА Караван Инфо
Точикистон ва Бонки Чахони шарикии наклиётро таквият медиханд: таваччух ба устувори ва потенсиали транзити

Душанбе, 22 апрел, АИ «Караван Инфо». Дар Вазорати наклиёти Чумхурии Точикистон мулокоти кории Сардори идора Азим Иброхим бо хайати бонки Чахони баргузор гардид, ки онро Рохбари намояндагии БЧ дар Точикистон Вея Винни Ванг рохбари менамуд. Дар ин бора хадамоти матбуоти вазорат хабар дод.

Чонибхо самтхои афзалиятноки хамкориро дар сохаи наклиёт, аз чумла навсозии шабакаи роххо, чори намудани технологияхои пешрафта, бехтар намудани логистика ва эчоди карорхои устувор, ки ба хусусиятхои иклими ва чугрофии кишвар чавобгу мебошанд, барраси намуданд.

“Точикистон мекушад, ки ба як маркази калидии транзити дар минтака табдил ёбад ва рушди инфрасохтори наклиёти дар ин чо накши марказиро мебозад” гуфт вазир Азим Иброхим.

Вай инчунин, таъкид намуд, ки бо дастгирии шарикони байналмилали чумхури ташаббусхои васеъмикёсеро амали менамояд, ки ба густариши гузаргоххои логистики ва баланд бардоштани робита бо кишвархои хамсоя равона шудаанд.

Бонки чахони омодагии худро барои идомаи дастгирии техники ва молияви дар доираи лоихахои чори ва оянда, ки ба:

– баланд бардоштани бехатарии роххо;

– ракамикунонии сохаи наклиёт;

– идоракунии устувори роххои автомобилгард;

– дастгирии лоихахои минтакави дар доираи ташаббуси пайвастагии Осиёи Маркази.

Дар натичаи мулокот чонибхо ба мувофика расиданд, ки хамохангсози ва густариши шарикиро таквият бахшанд, ки барои рушди устувори дарозмуддати низоми наклиётии Точикистон имкониятхои нав фарохам меорад.

АКСХО: аз манбаъхои кушода

error: