Остона, 24 апрели соли 2025-АИ Караван Инфо. Вазорати мудофиаи Чумхурии Казокистон хайати Беларусро бо сарварии сардори идораи асосии омодагии чангии куввахои Мусаллахи ин кишвар генерал-майор Владимир Белий кабул намуд. Мулокоти кори дар маркази Миллии харби-ватанпарварии куввахои Мусаллахи ЧК баргузор шуд.

Дар чараёни мулокот сержанти асоси – сардори Идораи кор бо хайати сержанти ситоди Генералии куввахои Мусаллахи ЧК, мастер-сержант Темирбек Халиков бо хамкорони Белоруси тачрибаи Казокистонро дар рушди корпуси сержанти ва ташкили омодасозии хайати катори ва сержанти накл намуд.
Мастер-сержант Темирбек Халиков гуфт, ки чониби казокистон мехмонони Беларусро бо мархилахои ташаккул ва рушди корпуси сержантхо, инчунин бо системаи интихоб, таъин ва ташкили тайёр намудани сержантхо, аз чумла омузиши онхо аз руи ихтисос шинос намуд.
Хайати Белорус инчунин ба коллечи Харбии Вазорати мудофиаи ЧК ба номи Шокан Уалиханов ташриф овард, ки дар он чо сержантхои касби тайёр намуда мешаванд.
Сурат: ВМ ЧК