Душанбе, 17 сентябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Аз 19 то 20 октябр дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии «Нақлиёт ва логистикаи СҲШ», ки ба 25-солагии Созмони ҳамкории Шанхай бахшида шудааст, баргузор мегардад. Чорабинӣ майдони муҳими соҳавӣ барои намоиши потенсиали давлатҳои аъзо дар соҳаҳои нақлиёт, логистика, мошинсозӣ, рушди инфрасохтор ва технологияҳои муосири логистикӣ хоҳад шуд.

Созмони ҳамкории Шанхай ба рушди долонҳои нақлиётӣ, модернизатсияи инфрасохтори логистикӣ ва рақамикунонии интиқоли борҳо дар фазои созмон аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад. Намоишгоҳи соҳавӣ даъват шудааст, ки платформаи самаранок барои муаррифии фаъолияти ширкатҳо, ҷустуҷӯи шарикони нави тиҷоратӣ ва васеъ кардани ҳамкорӣ гардад.
Дар доираи намоишгоҳ ҷаласаи Гурӯҳи кории Шӯрои тиҷоратии СҲШ оид ба нақлиёт, логистика ва кишоварзӣ баргузор мегардад. Коршиносони пешсаф, намояндагони вазоратҳои дахлдор ва роҳбарони ширкатҳои логистикӣ эҷоди маршрутҳои логистикии бефосиларо дар фазои СҲШ муҳокима хоҳанд кард.
Баргузории ин чорабиниҳо ба таҳкими ҳамкории амалӣ, рушди робитаҳои тиҷоратӣ байни идораҳои дахлдор ва ҷомеаи тиҷоратӣ, инчунин пешбурди ташаббусҳои муштарак дар соҳаи нақлиётӣ-логистикӣ дар фазои созмон мусоидат хоҳад кард.
Ба иштирок дар намоишгоҳ ширкатҳои давлатҳои аъзои СҲШ, инчунин давлатҳои шарик ва нозирони назди СҲШ даъват карда мешаванд.
Ташкили намоишгоҳ дар Душанбе нақши афзояндаи Тоҷикистонро ҳамчун майдон барои гуфтугӯи минтақавӣ оид ба масъалаҳои нақлиёт ва логистика инъикос намуда, имкониятҳои иловагӣ барои таҳкими робитаҳои иқтисодӣ байни кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай фароҳам меорад.
Акс: Палатаи савдову саноати Тоҷикистон
