Дар Казокистон аз 1 сентябри соли 2025 стандарти нави хуроки мактаби ба ичро медарояд – ИА Караван Инфо
Дар Казокистон аз 1 сентябри соли 2025 стандарти нави хуроки мактаби ба ичро медарояд

Остона, 25 апрели соли 2025-АИ Караван Инфо. Вазорати тандурустии Чумхурии Казокистон дар якчояги бо Вазорати маърифати ЧК ва академияи гизои Казокистон бо дастгирии ЮНИСЕФ мизи мудаввареро баргузор намуд, ки ба чори намудани стандарти нави гизои мактаби дар ташкилотхои таълимии кишвар бахшида шудааст. Дар чорабини намояндагони сохторхои давлати, системахои тандурусти ва маориф, тичорат, инчунин коршиносони ватани ва байналмилали иштирок намуданд.

Вазири тандурусти Акмарал Алназарова ахамияти стратегии гизои босифат ва бехатари мактабро барои саломатии наслхои оянда таъкид намуда, зарурати хамохангсозии кушишхои хамаи чонибхои манфиатдорро барои татбики самараноки равиши нав кайд намуд. Сарвари давлат каблан ба зарурати баланд бардоштани сифати хуроки ройгони мактаби, ки 1,7 миллион хонандаро фаро гирифтааст, таваччух зохир намуда, ахамияти мутобикат ба стандартхои байналмилалиро таъкид намуда буд.

Стандарти нави гизои мактаби, ки аз чониби Вазорати тандурусти дар якчояги бо Вазорати маориф, коршиносони ватани ва байналмилали дар асоси равишхои илми ва тавсияхои байналмилали тахия шудааст, аз 1 сентябри соли 2025 дар хамаи ташкилотхои таълимии Казокистон эътибор пайдо мекунад.

Президенти академияи гизои Казокистон Алмаз Шарман изхор дошт, ки риояи катъии талаботи стандарти нав ба кохиши назарраси нишондихандахои фарбехии кудакон, диабети навъи 2, гипертонияи артериали ва дигар беморихои музмин мусоидат мекунад. Татбики стандарт бо баланд бардоштани назорати сифати махсулот ва вазъи санитарии иншооти гизои мактаби, инчунин васеъ намудани накши хамширахои мактаби дар арзёбии сифати гизои пухта хамрох намуда мешавад. Муовини раиси Кумитаи назорати санитари-эпидемиологии Вазорати тандурустии ЧК Нуркан Садвакасов дар бораи пурзур шудани назорати давлати, аз чумла рад намудани огохиномаи пешаки дар бораи санчишхо ва чори намудани ташрифхои мунтазами мониторинг хабар дод.

Аксхо: Вазорати Тандурустии ЧК

error: