Хамкории суди дар доираи Созмони Хамкории Шанхай: Роххои тахкими адолат ва амнияти чахони – ИА Караван Инфо
Хамкории суди дар доираи Созмони Хамкории Шанхай: Роххои тахкими адолат ва амнияти чахони

Душанбе, 25 апрел – -АИ «Караван Инфо». Хайати Чумхурии Точикистон бо сарварии Раиси Суди Олии Чумхурии Точикистон Рустам Мирзозода дар чаласаи XX раисони судхои олии давлатхои аъзои Созмони Хамкории Шанхай, ки дар Чумхурии Мардумии Чин баргузор гардид, иштирок намуданд.

Дар чараёни чаласа масъалахои мухимтарини идоракунии амнияти кибери, истифодаи зехни сунъи, накши судхо дар пешгири ва халли низоъхо, химояи хукуки ноболигон ва мубориза бо зуровари ва терроризм барраси шуданд.

Иштирокчиён инчунин, масъалахои адолати суди ва тахкими эътимод байни макомоти судии давлатхои аъзои Созмони Хамкории Шанхайро барраси намуданд. Таъкид гардид, ки дар шароити тахдидхои глобали хамкории судхои давлатхои аъзои созмон ахамияти махсус пайдо мекунад.

Ёдовар мешавем, ки чаласаи XXI Раисони судхои олии давлатхои аъзои Созмони Хамкории Шанхай соли 2026 дар Чумхурии Исломии Эрон баргузор мегардад.

АКСХО: аз манбаъхои кушода

error: