Алмаато, 28 апрели соли 2025 – АИ Караван Инфо. Дар донишгохи миллии Казокистони ба номи Ал-Фараби форуми байналмилалии анъанавии Digital Farabi – 2025 баргузор шуд, ки ба мавзуи Интеллекти Сунъи ва технологияхои баландсифат дар рушди иктисоди Казокистон бахшида шудааст. Дар чорабинии васеъмикёс Вазири илм ва тахсилоти олии ЧК Саясат Нурбек, ректори КазНУ Жансеит Туймебаев, намояндагони ширкатхои бузурги IT, сармоягузорон, мухаккикони чавон, омузгорон ва олимон иштирок намуданд.

Максади асосии форум табодули гояхо ва тачрибаи пешкадам оид ба чори намудани тадкикоти илми дар сохаи зехни сунъи ба бахши истехсоли ва тичоратикунонии лоихахои инноватсиони буд. Вазири илм ва тахсилоти оли Саясат Нурбек рушди босуръати сохаи зехни сунъиро дар арсаи чахони таъкид намуда, вазифаи аз чониби Сарвари давлат гузошташударо оид ба рушди фаъолонаи ин самт дар Казокистон, истифодаи он дар илм, маориф ва технология кайд намуд.
Ректори КазНУ Жансеит Туймебаев дар бораи корхои донишгох дар сохаи зехни сунъи накл намуда, иштироки фаъолонаи донишгохро дар тагйирёбии ракамии кишвар таъкид намуд. Вай кайд намуд, ки зехни сунъи калиди имкониятхои нав аст ва вазифаи донишгох на танхо чори намудани ин технологияхо, балки фарохам овардани шароит барои рушди устувори онхо, инчунин афзалият додан ба масъалахои табдил додани забони казоки ба забони илм ва рушди зехни сунъи ба забони казоки мебошад.
Дар доираи форум инчунин, намояндагони ширкатхои бузурги IT баромад намуданд, ки пешниходхо ва гояхои худро оид ба рушди зехни сунъи мубодила намуданд. Намоишгохи лоихахои стартап-и донишчуён ва мактаббачагон, ки корнамудхои илмиро бо истифода аз зехни сунъи нишон медиханд, ташкил намуда шуд ва инчунин мусобикаи “FIFA PS” баргузор шуд, ки голибони он бо дипломхо ва чоизахои арзишманд мукофотонида шуданд.
Аксхо: Вазорати илм ва ЧК