Остона, 28 апрели соли 2025-АИ Караван Инфо. Вазорати тандурустии Чумхурии Казокистон равишхои навро ба назорати давлатии иншоотхои маориф дар сохаи гизо тахия мекунад. Ин чора ба ходисахои зиёдшавии захролудшавии оммавии мактаббачагон, аз чумла ходисаи вилояти Мангистау, ки зарурати тагироти системавиро дар назорати ташкили хуроки мактаби ошкор намуд, вокуниш нишон дод.

Равишхои нав додани макоми махсусро ба иншоотхое, ки кудакон дар он чо зиндаги мекунанд, бекор намудани огохиномаи пешаки дар бораи санчишхо барои таъмини арзёбии объективии вазъ, инчунин чори намудани системаи ташрифхои мониторинги пешбини мекунанд. Максади ин чорахо мутобик намудани иншоотхо ба талаботи амалкунандаи санитари-эпидемиологи мебошад.
Тавре, ки Вазорати тандурусти кайд мекунад, меъёрхои амалкунандаи кодекси Сохибкории ЧК дар айни замон ба макомоти ваколатдор имкон намедиханд, ки тамоми иншооти будубоши кудаконро пурра тахти назорати давлати фаро гиранд. Дар робита ба ин, зарурати аз нав дида баромадани механизмхои назорат барои баланд бардоштани бехатарии гизо дар муассисахои таълими ба миён омад.
Дар доираи супориши президенти Казокистон, ки дар натичаи ходисахои захролудшавии гурухии кудакон дар ошхонахои мактаби ба вучуд омадааст, Вазорати тандурусти дар якчояги бо Прокуратураи Генерали дар муассисахои таълимии вилояти Мангистау барои риояи талаботи санитари-эпидемиологи санчишхои гайринакшавии блокхои хуроквори мегузаронад. Барои тафтиши ходисахо ва таъмини бехатарии хуроки мактаби гурухи кории Байнисохави бо иштироки намояндагони макомоти манфиатдор, аз чумла вазоратхои маориф ва тандурусти, инчунин Прокуратураи Генерали таъсис дода шудааст.
Аксхо: freepik.com