Душанбе, 2 май, АИ Караван Инфо. Дар Брюссел 30-юми апрел конфронси байналмилали бо номи “Шохномаи Фирдавси: шеъри беназири адабиёти чахони” баргузор шуд, ки ба мероси фархангии шоири бузурги точику-форс Абулкосим Фирдавси бахшида шудааст. Дар ин бора академияи миллии илмхои Точикистон хабар дод.

Конфронс бо ташаббуси Сафорати Чумхурии Точикистон дар Шохигарии Белгия дар хамкори бо академияи миллии илмхои Точикистон, донишгохи Левен (Белгия) ва Ассотсиатсияи точикон дар Белгия “Диёр” баргузор гардид.
Чорабини доираи васеи иштирокчиёнро аз олимону коршиносони аврупои то ходимони фарханг, намояндагони институтхои илми, донишчуён ва аъзои диаспораи точик аз Белгия ва Нидерландия чамъ овард.
Иштирокчиён ахамияти универсалии “Шохнома” — ро на танхо хамчун шеъри адаби, балки хамчун манбаи хувияти милли, тарбияи ватандусти, арзишхои гуманисти, инчунин муколамаи байни фархангхо ва халкхо махсус таъкид намуданд.
Дар маркази диккати конфронс ахамияти эчодиети Фирдавси дар чахони муосир буд: сахми у дар ташаккули худшиносии милли, хифзи хотираи таърихи ва рушди дипломатияи фарханги.
Накши Президенти Чумхурии Точикистон Эмомали Рахмон дар эхё ва эътирофи байналмилалии мероси бойтарини фархангии халки точик, аз чумла Мероси Фирдавси алохида кайд карда шуд.
Президенти академияи миллии илмхои Точикистон академик Кобилчон Хушвахтзода ба иштирокчиёни конфронс дар шакли онлайн мурочиат намуда, арзиши илмии “Шохнома” – ро хамчун манбаи таърихи ва фалсафи, насли илхомбахши мухаккикон ва хонандагон таъкид намуд.
Чорабинии мазкур бо баромади мусикини чавон Сипанда Додбех, ки асархоро дар рухияи мусикии халкии точик ичро намуда, пайдарпаии анъанахоро тавассути санъати муосир нишон дод, ба анчом расид.
АКСХО: академияи миллии илмхои Точикистон