Карочи, 8 майи соли 2025 АИ Караван Инфо. Дар шахри Карочи форуми тичоратии Казокистон ва Покистон, ки зиёда аз 500 намояндаи доирахои тичорати ва сохторхои давлатии харду кишварро чамъ овард, кори худро бомуваффакият ба анчом расонид. Хусусияти фарккунандаи форум ба бастани ахдхои мушаххас ва таъсиси муносибатхои дарозмуддати шарики равона намудани иштирокчиён буд.

Дар доираи чорабини як катор созишномахои тичорати ба имзо расиданд, ки яке аз мухимтарин шартномахо байни ширкати казокистонии Optima Development ва ширкати покистонии Friesland Campina Engro буд. Маблаги ин созишнома 10 миллион доллари ИМА – ро ташкил дод ва интиколи равгани шири хушкшударо ба Казокистон пешбини мекунад, ки дар истехсоли панир, йогурт ва махсулоти канноди истифода мешавад.
Директори Генералии Optima Development Жанат Басанов изхори бовари намуд, ки ин созишнома на як маротиба, балки огози хамкории дарозмуддат ва стратегии байни ширкатхо мебошад. Вай инчунин иктидори бузурги содиротии Покистонро бо 240 миллион ахолии он барои корхонахои Казокистон кайд намуд.
Тибки маълумоти маркази Рушди сиёсати Тичоратии QazTrade дар назди Вазорати савдо ва хамгироии ЧК, дар давраи солхои 2023-2024 гардиши мол байни Казокистон ва Покистон 2,1 фоиз афзоиш ёфта, ба 53,6 миллион доллар расид. Дар баробари ин, содироти Казокистон ба Покистон 2,1 маротиба афзуда, 11,8 миллион долларро ташкил дод, ки асоси онро махсулоти кишоварзи ва конструксияхои металли ташкил медиханд. Воридот аз Покистон ба 41,9 миллион доллар расид, аз чумла мевахои ситруси, дорухо ва нассочи.
Сурат: МТИ ЧК