Казокистон ба як макони чолиб барои сайёхони тибби дар сохаи стоматология табдил меёбад – ИА Караван Инфо
Казокистон ба як макони чолиб барои сайёхони тибби дар сохаи стоматология табдил меёбад

Алмаато, 7 майи соли 2025 АИ Караван Инфо. Дар Алмаато чаласаи умумии Сексияи Аврупоии Федератсияи умумичахонии дандонпизишкон баргузор шуд, ки аз 48 кишвар вакилон чамъ овард. Ин форуми сохави барои мухокимаи масъалахои мубрами рушди стоматология дар кишвархои Аврупо ва Осиёи Маркази, аз чумла истифодаи технологияхои инноватсиони дар ташхис ва табобати беморихои дахон, чанбахои амалияи клиники, чаррохи ва равишхои муосири пешгири майдони мухим гардид.

Вазири тандурустии Чумхурии Казокистон Акмарал Алназарова бо суханронии хайрамакдам накши калидии стоматологияро дар ташаккули саломатии чамъияти таъкид намуд. Ба гуфтаи вай, вазъи дандонпизишки яке аз нишондихандахои асосии вазъи умумии бадан аст ва тахияи чорахо барои кохиш додани бемории дандон кисми чудонашавандаи барномахои солимии миллат мебошад. Вазир табибони дандонпизишкро ба талошхои муштарак дар ин соха, бахусус тавассути чорахои пешгирикунанда даъват намуд.

Акмарал Алназарова инчунин, дар бораи чори намудани барномаи пешгирии системавии беморихои дандонпизишки дар кудакони синни мактаби дар чумхури хабар дод, ки хадафи он паст намудани сатхи пахншавии чунин беморихо 10% тавассути мушохидаи динамики, ошкор намудани барвакти ва афзоиши дастрасии кумаки дандонпизишки барои кудакон то 80% мебошад.

Стоматология дар Казокистон рушди босуръатро нишон медихад ва барои сайёхони тибби аз кишвархои гуногуни хоричи наздик ва дур торафт чолибтар мегардад. Имрузхо шахрвандони 37 кишвар, аз чумла ИМА, Олмон, Эрон, Русия ва кишвархои ИДМ барои табобати дандонхо ва гузаронидани расмиёти гуногуни дандонпизишки ба Казокистон меоянд, ки ин аз сатхи баланди сифати кумаки дандонпизишки дар кишвар шаходат медихад.

Аксхо: Вазорати Тандурустии ЧК

error: