Душанбе, 16 май, АИ Караван Инфо. 18 май соати 07: 30 субх дар тамоми каламрави Чумхурии Точикистон чорабинии бузурги варзиши — давидани Милли ва веломарафон бахшида ба рузи чавонон огоз меёбад.

Аксияи варзиши тамоми шахру нохияхои кишварро фаро мегирад. Ба чорабини намояндагони чавонон, хизматчиёни давлати, дипломатхо, кормандони вазоратхо, идорахо, муассисахо ва корхонахои гуногун, инчунин хазорон дустдорони тарзи хаёти солим хамрох мешаванд.
Дар Душанбе хатсайри дави Милли аз нуктаи назоратии Чорбог то Муассисаи Давлатии «Наврузгох» мегузарад. Ин на танхо масофаи чисмони, балки рамзи вахдат, саломати ва саъй барои рушди хамохангии шахс ва чомеа мебошад.
Тибки Фармони Президенти Чумхурии Точикистон аз 28 марти соли 2007, давидани Милли хар сол якшанбеи сеюми мохи май баргузор мешавад. Он унсури мухими стратегияи давлати дар сохаи маъмулгардонии тарбияи чисмони ва варзиш гардид.
Максади асосии чорабини ташаккули одати устувори тарзи хаёти фаъол дар байни ахоли, тахкими саломатии чамъияти ва мусоидат ба тарбияи ватандусти тавассути варзиш мебошад.
АКСХО: аз манбаъхои кушода