Осиёи маркази суръат мегирад: Точикистон, Узбекистон ва Казокистон хачми боркашониро афзоиш медиханд – ИА Караван Инфо
Осиёи маркази суръат мегирад: Точикистон, Узбекистон ва Казокистон хачми боркашониро афзоиш медиханд

Душанбе, 15 май, АИ Караван Инфо. Дар заминаи фаъолияти афзояндаи иктисоди ва тахкими хамкорихои минтакави дар Казокистон мулокоти мухими кории намояндагони маъмурияти рохи охани Точикистон, Узбекистон ва Казокистон баргузор гардид.

Максади гуфтушунидхо мувофика намудани чорахо оид ба афзоиши хачми боркашонии байнидавлати ва оптимизатсияи кори нуктахои асосии рохи охан.

Ба нуктахои пайвастшавии Оазис (Точикистон) ва Сариагаш (Узбекистон), ки дар логистикаи минтака накши стратеги доранд, диккати махсус дода шуд. Тибки маълумоти хадамоти матбуотии Кумитаи Ичроияи ИДМ, тарафхо:

 ба натичахои хамкори дар соли 2024 бахои баланд дода шуд;

  •  дар мукоиса бо соли 2023 афзоиши интиколи контейнерхо дар хатсайри Чин – Осиёи Маркази 104% ба кайд гирифта шудааст, ки ин 144 катораи контейнери мебошад;
  •  ба мувофика расиданд, ки истифодаи логистикаи контейнериро хамчун шакли муосир ва зудтари интикол васеъ кунанд.
  • Дар маркази мухокима инчунин масъалахои баланд бардоштани самаранокии кабул ва фиристодани борхо, инчунин кам намудани вакти бекори дар сархадхо буданд.

Мулокот дар фазои гарм ва созанда баргузор шуд ва бо имзои протоколи расми, ки созишномахо ва ниятхои ба даст овардашударо барои идомаи талошхои хамгирои мустахкам мекунад, ба анчом расид.

Аксхо: Хадамоти  Матбуоти Кумитаи  Ичроияи  ИДМ

error: