Душанбе, 15 май, АИ Караван Инфо. Масъалаи татбики самараноки чузъхои лоихаи “Асосхои ракамикунонии Точикистон” ва татбики чорахои матритсаи чорабинихои лоихаи ” Точикистони Ракобатпазир, фарогир ва устувор “(DPO) санаи 13 май дар чараёни мулокоти Сардори Хадамоти алокаи назди Хукумати Чумхурии Точикистон Исфандиёри Саъдулло бо рохбари хайати бонки Чахони Чарлз Хёрпи барраси гардид. Дар ин бора хадамоти алока хабар дод.

Зикр гардид, ки Хукумати Чумхурии Точикистон дар доираи сиёсати окилона ва дурандешонаи Президенти Чумхурии Точикистон Эмомали Рахмон ба тахкими хамкори бо бонки Чахони, ки яке аз шарикони асосии рушди мамлакат ба хисоб меравад, ахамияти махсус медихад.
Чонибхо ба мувофика расиданд, ки муколамаи мунтазамро барои таъмини назорати доимии ичрои лоихахои зикршуда ва тахкими минбаъдаи хамкории дучониба идома диханд.
Аксхо: хадамоти алокаи назди Хукумати Чумхурии Точикистон