Дар Казокистон харитаи Рох оид ба рушди сайёхии кудакон ва наврасон тахия намуда шуд – ИА Караван Инфо
Дар Казокистон харитаи Рох оид ба рушди сайёхии кудакон ва наврасон тахия намуда шуд

Остона, 21 майи соли 2025 АИ Караван Инфо. Дар Казокистон харитаи Рох оид ба рушди сайёхии кудакон ва наврасон то соли 2029 тахия шудааст.

Дар ин бора дар чаласаи Хукумат муовини Вазири сайёхи ва варзиши ЧК Ержан Ачинбаев хабар дода, дар бораи корхои гузаронидашуда оид ба ташкили истирохати солимгардони, истирохат ва шугли кудакон дар давраи таътили тобистона накл намуд. Хуччате, ки дар якчояги бо макомоти ичроияи махалли тахия шудааст, 29 чорабиниро дар хафт самти асоси пешбини мекунад.

Бо максади маъмулгардонии сайёхии дохили дар байни насли наврас, чораи дастгирии давлати дар шакли субсидияи чиптахои хавопаймоии кудакон аз руи барномаи Kids Go Free амал мекунад. Аз замони огози ин ташаббус, аллакай беш аз 5,6 хазор кудак аз имкони сафархои ройгони хавои истифода намудаанд. Соли чори карор аст, ки аз Барномаи Kids Go Free 3 хазор кудаки дигар истифода баранд.

Дар якчояги бо макомоти ичроияи махалли ва субъектхои тичорати сайёхи корхои фаъол оид ба маъмулгардони ва рушди сайёхии дохили дар байни кудакон ва наврасон гузаронида мешаванд. Ержан Ачинбаев ташаббуси Хокимияти Остонаро мисол овард, ки хар сол лоихаи ичтимоии «Астана – менин Отанимнин Елордаси»-ро амали мекунад. Ин барнома то як хазор кудакро аз минтакахои гуногуни кишвар фаро мегирад, ки ба онхо манзил, хурок ва барномаи бойи фарханги ва фарогати медихад.

Илова бар ин, дар якчояги бо чомеаи сайёхи хатсайрхои махсуси сайёхи тахия шудаанд, ки хадафи асосии онхо шиносоии мактаббачагон ва донишчуён бо фарханг, таърих ва анъанахои бойи Казокистон, инчунин васеъ намудани чахонбинии онхо мебошад. Аксхо: Вазорати сайёхи ва варзиши ЧК

error: