Душанбе, 20 май, АИ Караван Инфо. Санаи 29 май дар Душанбе дар Агентии гидрометеорологияи назди Кумитаи хифзи мухити зисти назди Хукумати Чумхурии Точикистон форуми Минтакави оид ба мониторинги пиряххо ва криосфера дар Осиёи Маркази баргузор мегардад. Чорабини дар доираи конфронси байналмилалии сатхи баланд оид ба хифзи пиряххо ташкил намуда мешавад.
Тавре, ки Агентии гидрометеорология хабар дод, намояндагони Давлатхои Осиёи Маркази, созмонхои байналмилали, вазорату идорахои махсус дар форум иштирок хоханд намуд.

Максади форум баланд бардоштани сатхи огохи дар бораи тагйироти дар криосфера дар шароити тагйирёбии иклим, инчунин тахкими хамкории минтакави ва байналмилали дар Соли хифзи байналмилалии пиряххо — 2025, ки бо ташаббуси Точикистон эълон шудааст, мебошад.
Президенти Чумхурии Точикистон Эмомали Рахмон хануз мохи марти соли 2021 дар нахустин мулокоти рахбарони Эътилоф оид ба масъалахои об ва иклим таъкид дошт, :
“Обшавии босуръати пиряххо дар баробари афзоиши истеъмоли об дар робита ба афзоиши ахоли ва рушди иктисоди метавонад ба окибатхои чидди оварда расонад.”
Дар ичлосияи 77-уми Ассамблеяи Генералии СММ 14 декабри соли 2022 бо ташаббуси Точикистон катънома дар бораи соли Байналмилалии хифзи пиряххо эълон намудани соли 2025 якдилона кабул намуда шуд.
Дар паёми табрикотии худ ба муносибати кабули катънома Президент Эмомали Рахмон кайд намуд: “тагйирёбии Глобалии иклим пеш аз хама ба холати пиряххо, захирахои барфи ва об таъсири манфи мерасонад… кохиши Минбаъдаи манбаъхои оби тоза метавонад ба фалокатхои вазнини инсони, ичтимои ва иктисоди оварда расонад. Чомеаи чахони бояд фавран чорахои муштарак андешад».
Ёдовар мешавем, ки аз 29 то 31 май дар Душанбе конфронси байналмилалии сатхи баланд оид ба хифзи пиряххо баргузор мегардад, ки дар он Точикистон иктидори илми ва институтсионалии худро дар сохаи хифзи захирахои обу пиряххо муаррифи менамояд.
Аксхо: Хадамоти Матбуоти Президенти Чумхурии Точикистон / АМИТ “Ховар”