Душанбе фестивали байналмилалии дустии кудакони кишвархои ИДМ ро баргузор мекунад – ИА Караван Инфо
Душанбе фестивали байналмилалии дустии кудакони кишвархои ИДМ ро баргузор мекунад

Душанбе, 22 май, АИ Караван Инфо. Аз 23 то 27 июн дар Пойтахти Точикистон фестивали байналмилалии дустии кудакон ва наврасони кишвархои ИДМ бо номи рамзии “Дар мехмони Душанбе” баргузор мешавад. Дар ин бора дар маркази кудакону наврасони шахри Душанбе хабар доданд.

Дар фестивал намояндагони чавони кишвархои иштирокчии Иттиходи Давлатхои Мустакил, инчунин кудакон аз тамоми минтакахои Точикистон — ВМКБ, Вилоятхои Сугд ва Хатлон, нохияхои тобеи чумхури ва пойтахт иштирок мекунанд.

Максади фестивал ташкили платформаи мусоид барои тахкими муносибатхои дустона байни фарзандони кишвархои ИДМ, тарбияи арзишхои гуманисти ва фархангии онхо, пешбурди гояхои сулх ва вахдат, инчунин мубодилаи тачриба байни муассисахои тахсилоти умуми ва иловаги мебошад.

Гайр аз ин, чорабини ба таргиби таърих, фарханг, санъат ва анъанахои халкхои ИДМ, рушди эчодиёти мусики ва бадеии кудакон ва наврасон, инчунин муаррифии Душанбе хамчун шахри дорои имкониятхои васеъ барои рушди кудакон равона шудааст.

АКСХО: маркази кудакон ва наврасони шахри Душанбе

error: