Казокистон, 22 майи соли 2025 АИ Караван Инфо. Дар доираи машварати вазирони варзиши давлатхои узви СХШ Вазири сайёхи ва варзиши Чумхурии Казокистон Ербол Мирзабосинов бо рохбари идораи Асосии давлатии тарбияи чисмони ва варзиши Чин Гао Чжидан музокироти дучониба анчом дод. Дар огози мулокот, Ербол Мирзабосинов дастовардхои назарраси чониби чинро дар арсаи байналмилалии варзиши баланд арзёби намуд ва изхори бовари намуд, ки амик шудани шарики байни идорахои профилии ду кишвар ба рушди минбаъдаи сохаи варзиш мусоидат хохад намуд.

Дар чараёни гуфтушунидхо ба тахияи созишномаи нави хамкори дар сохаи варзиш диккати махсус дода шуд, ки барои иваз намудани созишномаи амалкунанда, ки хануз соли 1998 ба имзо расида буд, пешбини шудааст. Ин санади мухим то охири соли 2025 ба накша гирифта шудааст. Вазири Казокистон таъкид намуд: “пеш аз хама, мехохам ба дастовардхои Чумхурии Мардумии Чин дар сохаи варзиш эхтироми амик зохир намоям. Чин муддати тулони пешсафи чахон дар омодасозии варзишгарон, чори намудани равишхои инноватсиони дар илми варзиш ва таргиби тарзи хаёти солим буд. Бовари дорам, ки тахким ва густариши хамкорихои дучониба ба рушди варзиш дар кишвархои мо такони нав мебахшад”.
Чонибхо инчунин таваччухи тарафайнро ба омодасозии якчояи варзишгарон ва мубодилаи фаъоли тачриба тасдик намуданд. Гао Чжидан кайд намуд: “Мо дастовардхои варзишии Казокистонро бодиккат мушохида мекунем, алахусус дар чунин риштахо, ба монанди варзиши вазнин, дзюдо, бокс, намудхои мубориза. Шумо мебинед, ки чи гуна сатхи варзишгарони шумо, техника ва омодагии ракобатии онхо босуръат меафзояд. Казокистон дар арсаи байналмилали пешрафти боэътимод нишон медихад ва дар як катор намудхои олимпии варзиш бозигари намоентар мешавад. Мо самимона ба густариши шарикии дучониба манфиатдорем, омодаем якчоя кор кунем ва барои рушди касбии варзишгарони кишвархои мо шароит фарохам оварем.
Дар охири мулокот Ербол Мирзабосинов варзишгарони чини даъват намуд, ки дар чамъомадхои муштараки омузиши-таълими дар заминаи омодагии олимпи ба Алмаато иштирок кунанд. Вай изхори умедвори намуд, ки ин имкон медихад, ки тачрибаи арзишманди варзиши мубодила намуда шавад ва дар самтхои тактики ва техникии тайёри хамкори намуда, ба рушди мутакобила ва тахкими робитахои варзиши байни Казокистон ва Чин мусоидат намояд.
Аксхо: Вазорати сайёхи ва варзиши ЧК