Шарикии технологии оянда: Точикистон ва Чин хамкорихои саноатиро таквият медиханд – ИА Караван Инфо
Шарикии технологии оянда: Точикистон ва Чин хамкорихои саноатиро таквият медиханд

Душанбе, 27 май, АИ Караван Инфо. Точикистон ва Чин ба густариши хамкорихо дар бахшхои стратегии саноат ва технологияхои баланд нигаронида шудаанд. Ин масъала дар мулокоти Вазири саноат ва технологияхои нави Чумхурии Точикистон Шерали Кабир бо Сафири Фавкулодда ва Ваколатдори Чумхурии Мардумии Чин дар Чумхурии Точикистон Чи Шумин, ки санаи 26 май дар душанбе баргузор шуд, калиди гардид.

Чонибхо роххои амикгардонии муносибатхои тичоративу иктисоди, самтхои афзалиятноки кооператсияи саноати, инчунин масъалахои чалби сармоягузори ба сохахои асосии иктисоди точикистонро барраси намуданд.

Таваччухи махсус ба татбики лоихахои муштарак, ки ба рушди инфрасохтори истехсоли, чори намудани карорхои инноватсиони ва баланд бардоштани иктидори содиротии Точикистон равона шудаанд, дода шуд.

Вазир Шерали Кабир динамикаи мусбатро дар хамкорихои дучониба таъкид намуда, сохтору ширкатхои хитоиро даъват намуд, ки дар нахустин форуми Байналмилалии нассочи ва намоишгохи тачхизоти нассочи, ки мохи июли соли равон дар Точикистон баргузор мешавад, иштирок намоянд.

Дар натичаи мулокот харду чониб омодагии худро барои тахкими шарикии стратеги, ки ба манфиати тарафайн, рушди устувор ва тахкими робитахои дустонаи Точикистону Чин асос ёфтааст, тасдик намуданд.

АКСХО: вазорати саноат ва технологияхои нави Чумхурии Точикистон

error: