Точикистон аввалин “Атласи кулхои яхбанди” – ро муаррифи намуд – ИА Караван Инфо
Точикистон аввалин "Атласи кулхои яхбанди" - ро муаррифи намуд

Душанбе, 27 май, АИ Караван Инфо. Дар арафаи конфронси байналмилалии сатхи баланд оид ба хифзи пиряххо дар Душанбе муаррифии нашрияи беназири илмии “Атласи кулхои пиряххои Точикистон”баргузор гардид. Ин асари бунёди, ки аз чониби Мутахассисони Маркази омузиши пиряххо (Агентии гидрометеорологияи Точикистон) тахия шудааст, бори аввал маълумотро дар бораи обанборхои пиряххои кишвар ва динамикаи онхо ба низом медарорад.

Пиряххои Точикистон, ки зиёда аз 60% захирахои пиряххои Осиёи Марказиро ишгол мекунанд, дар ташаккули тавозуни оби минтака накши калиди доранд. Аммо, бинобар тагйирёбии иклим, хачми онхо босуръат кохиш ёфта, ба экосистемахо ва обтаъминкунии миллионхо одамон тахдид мекунад.

Атласи нав, ки бо забонхои точики ва руси нашр шудааст, дорои:

  •  харитахои чори ва аксхои мохвораи;
  •  маълумот дар бораи андоза, хачм ва тагйирёбии кулхои пиряхи;
  •  арзёбии хатархои эхтимоли, аз чумла шикастани кулхо ва обхези.

Нашрия ба соли Байналмилалии хифзи пиряххо бахшида шудааст, ки бо ташаббуси Президенти Точикистон Эмомали Рахмон таъсис ёфта, аз чониби Ассамблеяи Генералии СММ дар соли 2022 дастгири гардид.

“Ин атлас на танхо як хуччати илми, балки як воситаи амали барои мутобик шудан ба тайгирёбии иклим аст” гуфт сухангуи агентии гидрометеорология.

Атлас барои назорат намудани обшавии пиряххо ва пешгуии сенарияхои иклим, тахияи стратегияхои истифодаи об ва кохиш додани хатари офатхои табии ва чалби таваччух ба мушкилоти нобудшавии пиряххо истифода мешавад.

Муаррифии расмии атлас санаи 29 май дар доираи конфронси Байналмилали дар Душанбе баргузор мешавад, ки дар он коршиносони зиёда аз 30 кишвар чамъ меоянд.

Интизори меравад, ки ин кор барои лоихахои нави муштарак оид ба хифзи экосистемахои пиряххо асос гардад.

Аксхо: аз манбаъхои кушода

error: