Овози Точикистон дар чахони технология: занони кишвар ба чоизаи WOMEN IN TECH® даъват намуда мешаванд – ИА Караван Инфо
Овози Точикистон дар чахони технология: занони кишвар ба чоизаи WOMEN IN TECH® даъват намуда мешаванд

Душанбе, 27 май, АИ Караван Инфо. Занони Точикистон имконияти беназире пайдо намуданд, ки худро дар арсаи байналмилали эълон кунанд: кабули дархостхо барои WOMEN IN TECH® Global Awards 2025 кушода шуд, ки яке аз бонуфузтарин чоизахои чахони дар сохаи технология мебошад, ки ба эътирофи сахми занон дар рушди иктисоди раками ва инноватсия равона шудааст.

Финали чоиза мохи декабр дар Париж баргузор мешавад ва Имсол Осиёи Маркази ба категорияи алохида чудо намуда мешавад, ки ба намояндагони Точикистон имконияти махсус медихад, ки дар сахнаи чахони шунида шаванд. Кабули дархостхо ва номинатсияхо то 10 июн кушода аст.

“Имруз садои занони Точикистон бояд дар чомеаи чахонии технологи садо дихад. Ин як имконият барои олимон, стартапхо, барномасозон, коршиносони блокчейн ва истеъдодхои чавони мо барои нишон додани дастовардхои худ ба чахон аст”, таъкид мекунанд созмондихандагони чоиза.

Чоизаи WOMEN IN tech® Global awards 9 номинатсияро дар бар мегирад, аз чумла:

  • Aspiring Teen – барои наврасоне, ки ба технология таваххух зохир намудаанд;
  • Start-Up – барои муассисони ширкатхои технологи;
  • Global Leadership – барои рохбарии бархаста дар арсаи байналмилали;
  • Woman in Web3 – барои заноне, ки дар блокчейн ва WEB3 кор мекунанд;

 Ва категорияхое, ки ба навовари, дипломатия, дастгирии занони дигар дар TИ ва дастовардхои хаёт бахшида шудаанд.

АКСХО: аз манбаъхои кушода

error: