Душанбе, 26 май АИ «Караван Инфо». Дар Точикистон аввалин нуктаи миллии мубодилаи трафики интернет (Internet Exchange Point, IXP) бо номи TJ-IX расман ба кор шуруъ намуд. Дар ин бора дар хадамоти алокаи назди Хукумати кишвар хабар дода шуд.

Нуктаи мубодилаи трафик инфрасохтори мухимест, ки ба провайдерхо ва созмонхои интернети имкон медихад, ки мустакиман мубодила кунанд.
Таъсиси TJ-IX якчанд хадафхои калиди дорад:
- суръат ва сифати дастрасии интернетро барои корбарон баланд бардоштан;
- харочоти трафики байналмилалии интернетро кам намудан;
- таъмини сатхи баланди киберамният ва сохибихтиёрии раками;
- сохтани экосистемаи ягонаи раками, ки ба рушди иктисоди раками мусоидат мекунад;
- таъмин намудани платформа барои хамкории муассир байни провайдерхои интернети дар дохили кишвар.
Иктидори шабакаи TJ-IX ба 500 Гбит / с мерасад, ки кори зуд ва устуворро кафолат медихад. Боэътимодии хидмат бо фаъолияти бефосила дар сатхи 99,99% таъмин намуда мешавад.
Ифтитохи аввалин нуктаи миллии мубодилаи трафик кадами мухим дар рохи навсозии инфрасохтори ракамии Точикистон ва таквияти мавкеи он дар фазои ракамии чахони мебошад.
АКСХО: аз манбаъхои кушода