Мо ба точики либос мепушем: занону духтарони хадамоти гумруки Точикистон дар аксияи дастгирии либоси милли иштирок намуданд – ИА Караван Инфо
Мо ба точики либос мепушем: занону духтарони хадамоти гумруки Точикистон дар аксияи дастгирии либоси милли иштирок намуданд

Душанбе, 26 май АИ «Караван Инфо». Кормандони хадамоти Гумруки назди Хукумати Чумхурии Точикистон дар аксияи фарханги бо номи “Бо точики мепушем!, ки дар боги давлатии фарханги ва фарогатии ба номи Алишер Навои баргузор шуд.

Ташаббускори чорабини Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Хукумати Чумхурии Точикистон буд.

Максади аксия – маъмулгардонии анъанахои милли, эхёи либосхои миллии точик, аз чумла матоъхои анъанави ба монанди атлас, адрас ва чакан, инчунин баланд бардоштани фарханги либос, муковимат ба таклиди кур ба тамоюлхои муди бегона ва мустахкам намудани хисси хувияти милли.

Тибки шартхои ташаббус, занону духтарони хамаи муассисахо ва ташкилотхои давлати дар давоми се мох дар фаъолияти харруза либоси милли мепушанд.

Дар хадамоти Гумрук ин аксия аз 1 март то 31 май амали намуда мешавад. Хамаи кормандони идора дар ин давра либоси миллии точикиро мепушанд ва бо ин эхтиром ба мероси фарханги ва хувияти миллии мардуми точикро таъкид мекунанд.

АКСХО: аз манбаъхои кушода

error: