Душанбе, 02 июн, «АИ Караван» Инфо. Дар шароити гармшавии глобали ва кохиши босуръати пиряххо Точикистон азми худро барои амал намудан тасдик мекунад. Дар конфронси байналмилалии сатхи баланд оид ба хифзи пиряххо Вазири корхои хоричии Чумхурии Точикистон Сирочиддин Мухриддин дар бораи нахустин сахми ихтиёрии кишвар ба Фонди дастгирии хифзи пиряххо, ки аз чониби СММ хамоханг намуда мешавад, изхор дошт.

Вазир дар чаласаи мавзуии “Паймон ба номи оянда: чи гуна Паймон метавонад ба хифзи пиряххо мусоидат кунад” сухан гуфт:
“Тахдидхои муосир хамкории фавриро талаб мекунанд. Точикистон ба хамкории байналмилали дар масъалахои тагйирёбии иклим ва хифзи захирахои об дар рухияи Паймони оянда содик мемонад.
Барои тасдики ин гуфтахо у маълумоти ташвишовареро, ки каблан аз чониби Президенти Чумхурии Точикистон Эмомали Рахмон эълон шуда буд, овардааст:
Дар соли 2023 пиряххои кишвар беш аз 600 гигатон обро аз даст доданд — нишондихандаи бесобика дар 50 соли охир. Дар хамин давра кариб 1300 пирях аз байн рафтааст.
Бо дарназардошти он, ки захирахои обии Точикистон аз хисоби пиряххо 60 фоиз ташаккул меёбанд, ин тамоюл на танхо ба устувории худи кишвар, балки ба тамоми минтака бевосита таъсир мерасонад.
Вазир таъкид намуд, ки Точикистон иштирокчии фаъоли дахсолаи Байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” буда, инчунин соли Байналмилалии хифзи пиряххоро огоз намудааст.
Гайр аз он, пас аз Конфронси СММ оид ба захирахои об дар соли 2023, кишвар дар огози Барномаи амалиёти об накши калиди бозид, ки зиёда аз 840 ташаббусро барои ноил шудан ба ХРУ 6 дар бар мегирад — оби тоза ва бехдошт барои хама.
“Точикистон на танхо сухан мегуяд, балки амал мекунад. Сахми ихтиёри ба Фонди байналмилалии хифзи пиряххо на танхо ба илм, балки ба ояндаи умумии сайёра низ мусоидат мекунад ” гуфт Сирочиддин Мухриддин.
Аксхо: аз манбаъхои кушода