Душанбе, 9 июн, АИ Караван Инфо. Санаи 8 июн Президенти Чумхурии Точикистон Эмомали Рахмон барои иштирок дар ду чорабинии мухими байналмилали: Конфронси сеюми смм оид ба укёнусхо ва маросими огози дахсолаи Байналмилалии амалхо оид ба илмхои криосфера барои солхои 2025-2034 ба Чумхурии Фаронса рафт.

Бо даъвати рохбарияти Фаронса ва ЮНЕСКО, Эмомали Рахмон дар ин форумхо хамчун Сарвари давлат, ки худро хамчун ташаббускор ва иштирокчии фаъоли равандхои глобали дар сохаи дипломатияи оби ва иклими муаррифи намудааст, иштирок хохад намуд.
Дар чараёни сафар Эмомали Рахмонро хайати сатхи баланд хамрохи мекунад: Вазири корхои хоричи, ёрдамчии Президент оид ба робитахои байналмилали, Вазири энергетика ва захирахои об, раиси Кумитаи хифзи мухити зист, директори Агентии гидрометеорология ва дигар шахсони мансабдор.
Ёдовар мешавем, ки ташаббуси эълони дахсолаи байналмилалии амалхо оид ба илмхои криосфера бо пешниходи муштараки Точикистону Фаронса аз чониби Ассамблеяи Генералии СММ ба барраси гирифта шуда, дар шароити бухрони шадиди иклим дастгирии васеъ пайдо намуд.
АКСХО: Хадамоти Матбуоти Президенти Чумхурии Точикистон