ОСТОНА, 9 июн АИ Караван Инфо. Дар Казокистон модели нави рушди чорводори чори намуда мешавад, ки тамоми давраро аз парвариши чорво то баромади махсулот ба бозорхои хоричи фаро мегирад. Дар ин бора дар чаласа бо иштироки муовини Сарвазир Серрик Жумангарин хабар дода шуд.

Дар чорводории гушти карзи имтиёзноки нав бо 5 фоизи солона барои хариди саршумори насл ва пур кардани воситахои гардиши майдончахои парвариш ва комбинатхои гушти пешниход намуда шудааст. Дар ин холат, як кисми махсулот бояд ба корхонахои коркарди дохили бо коркарди амик ворид намуда шавад.
Аз 128 майдончаи бордоркуни танхо 28 майдонча ва аз 36 комбинати гушти 24 майдонча ба талабот чавобгу мебошанд. Бо вучуди ин, занчири истехсоли ташаккул меёбад, ки бояд арзиши иловашудаи махсулотро баланд бардорад. Лоихахои озмоишии модели австралияги бо содироти интизоршудаи то 50 хазор тонна гушт чори намуда мешаванд.
Самти шири низ рушд мекунад: соли 2023 сохтмони 69 фермаи шири огоз ёфт. Инчунин кохиши сатхи беморихо дар байни хайвонот мушохида мешавад, ки имкониятхои содиротро ба Чин, ИА, Эрон ва дигар кишвархо боз намудааст.
Акс тасвир шудааст, АИ“Караван Инфо”