Ширкати Чинии Beijing Capital Agro накша дорад, ки дар Казокистон беш аз 600 миллион доллар ба чорводории гушти сармоягузори кунад. Лоиха ташкили майдончахои парвариш ва хамкории дарозмуддатро бо Казокистон оид ба хариди гушти гов ва чорвои зинда пешбини мекунад. То соли 2030 дар Чумхури зиёда аз 600 хочагии фермери ва майдончахои бордоркуни таъсис дода мешаванд.

Дар мулокот бо ширкатхои чинии CITIC Construction ва Beijing Capital Agro кайд намуда шуд, ки чин махдудиятхои содироти махсулоти гуштиро аз минтакахои чанубу шаркии Казокистон бардоштааст ва кисми аввали гушти гов аллакай мохи июни соли равон ба Чин фиристода шуда буд.
Инчунин, васеъ намудани доираи молхои содироти барраси намуда шуд. Дар натичаи мулокот ширкатхои казокистони бо шарикони чини се шартнома барои содироти гушт ва интиколи чорвои зинда ба Чин ба маблаги 75 миллион доллар имзо намуданд. Дар айни замон, чониби чин шарикони казокии худро ба он равона мекунад, ки истехсоли гушт дар доираи ин созишнома танхо ба Чин меравад. Содироти махсулоти гушти ба дигар кишвархо, сарфи назар аз талафоти эхтимоли, пешбини намуда намешавад.