Остона, 18 июни соли 2025-АИ «Караван инфо». Казокистон хамкорихои энергетики бо Чин ва Кишвархои Осиёи Марказиро ба сатхи нав мебарад. Сардори Вазорати энергетикаи ЧК Ерлан Аккенженов стратегияеро пешниход намуд, ки диккати худро ба лоихахои муштараки технологи ва коркарди амики ашёи хом равона мекунад.

Дар чаласаи дуюми шурои Тичоратии “Чин – Осиёи Маркази” Аккенженов таъкид намуд, ки Казокистон энергетикаро хамчун заминаи калиди барои хамкории саноати, чалби сармоягузори ва таъмини рушди устувори тамоми минтака мехисобад.
“Мо дар бораи огози “сисолагии тиллои”-и муносибатхои казокистон ва чин сухан меронем, ки дар он эътимоди стратегии чамъшуда ба лоихахои вокеи ва механизмхои устувори хамкори табдил меёбад”, — изхор дошт Вазир. “Шарикии мо бо Чин дар сохаи энергетика, ки ба тачрибаи 30-сола асос ёфтааст, намунаи хамкории дарозмуддат ва мутакобилан судманд аст.”
Афзалиятхои асосии тахкими хамкори:
• Манбаъхои баркароршавандаи энергия(ВИЭ): тамаркуз ба татбики якчояи лоихахои тавлиди офтоб ва шамол, инчунин рушди заминаи саноати оид ба истехсоли чузъхои ВИЭ дар Казокистон.
• Саноати газ: рушди технологи, навсозии инфрасохтор ва геологи-иктишофи афзалиятнок номида шуданд.
• Коркарди нафт ва нефтехимия: кушишхо ба амиктар намудани коркарди ашёи хом ва эчоди махсулоти арзиши иловашуда равона намуда мешаванд.
Ерлан Аккенженов кайд намуд, ки ин стратегия бо кадамхои мушаххас таквият дода мешавад: рузи гузашта дар доираи форуми якуми минтакавии энергетики аллакай як катор хуччатхо оид ба тахкикоти муштарак, рушди ВИЭ ва хамкории кадри ба имзо расида буданд.
Аксхо: Вазорати Энергетикаи ЧК