Осиёи маркази хамчун асои СХШ: 25 соли “рухи Шанхай” ва офариниши геополитики – ИА Караван Инфо
Осиёи маркази хамчун асои СХШ: 25 соли "рухи Шанхай" ва офариниши геополитики

Душанбе, 20 июн, АИ «Караван Инфо». Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Чумхурии Точикистон конфронси Байналмилалии “Осиёи Маркази – Ядрои СХШ: 25 соли хамкори ба манфиати рушди муштарак” баргузор гардид. Чорабини дар доираи дарки рохи чоряки асри созмони хамкории Шанхай (СХШ) ва ахамияти он барои фазои Авруосиё ва чахон дар мачмуъ руйдоди калиди гардид.

Конфронс аз чониби Вазорати корхои хоричии Чумхурии Точикистон, Академияи идоракунии давлати ва Маркази дусти ва хамкории СХШ ташкил намуда шуд. Дар он дипломатхои кишвархои узв, нозирон ва шарикони СХШ, инчунин коршиносон ва олимони пешрафта иштирок намуданд.

Вазири корхои хоричии Точикистон Сирочиддин Мухриддин таъкид намуд, ки принсипхои “рухияи шанхай” — эътимоди мутакобила, баробархукуки, эхтиром, ризоият ва талош барои рушди муштарак-на танхо барои Кишвархои Авруосиё, балки берун аз он низ модели чолиби хамкории байнидавлати гардидаанд.

СХШ муносибати беназиреро ба бунёди муносибатхои байналмилали бе диктат, бо такя ба консенсус ва гуногунии фарханги нишон дод. Ин имкон дод, ки фазои эътимод ва ошкорбаёни фарохам оварда шавад, устувори ва субот дар яке аз минтакахои хассоси сайёра таъмин намуда шавад”, — кайд намуд Вазири Корхои Хоричи.

Махз дар эъломияи Душанбеи “панчгонаи Шанхай” дар соли 2000 даъват ба амал омад, ки Осиёи Маркази ба минтакаи сулх, хамсоягии нек ва хамкории баробархукук табдил дода шавад. Аз ин чо раванди институтсионализатсияи ташкилоте огоз ёфт, ки дар муътадилсозии минтака дар мархилаи хазорсолахо накши мухим бозид.

Накши Точикистон хамчун яке аз кишвархои ташаббускори таъсиси СХШ алохида кайд намуда шуд. Соли 2000 махз дар Душанбе акидаи таъсиси созмон эълон намуда шуд, ки соли 2001 ба расмияти институтсионали табдил ефт. Иштирокчиёни конфронс кайд намуданд, ки саммити солгарди СХШ дар соли 2021 Осиёи Марказиро ядрои созмон эътироф намуд, ки накши онро хамчун маркази стратегии сулху рушд таъкид мекунад.

Сафири фавкулодда ва Ваколатдори Чумхурии Мардумии Чин дар Точикистон Чи Шумин биниши Пекинро дар доираи раёсати Чумхурии Мардумии Чин дар СХШ пешниход намуд. Вай дар бораи пешбурди ташаббуси “СХШ дар амал” хабар дод ва накшахои таъсиси чор маркази махсусгардонидашударо дар Душанбе эълон намуд: вокуниш ба тахдидхо, амнияти иттилооти, мубориза бо чинояткории фаромилли ва кочоки маводи мухаддир.

Чин инчунин як катор чорабинихоро дар доираи “Соли рушди устувори СХШ” огоз мекунад, ки ба мусоидат ба рушд ва шукуфоии давлатхои аъзо равона намуда шудааст.

Иштирокчиёни конфронс ба хулосае омаданд, ки дар тули 25 сол СХШ аз чихати худуд ва ахоли бузургтарин ташкилоти минтакавии чахон гардид. Вай модели нави хамкории байналмилалиро нишон медихад-бидуни тафаккури блок, дар асоси муколама ва эхтиром ба фаркиятхо. Дар шароити нооромихои геополитики тачрибаи СХШ ахамияти махсус пайдо мекунад.

Барнома бо баромади консертии донишчуёни консерваторияи миллии Точикистон ба номи Талабхуча Сатторов ба анчом расид. Тавассути мусики ва санъат иштирокчиёни чорабини сарвати мероси фархангии минтакаро эхсос намуданд, ки ин арзиши хамкории гуманитари дар доираи СХШ-ро бори дигар тасдик намуд.

АКСХО: ВКХ  ЧТ

error: