Мулокоти намояндагони Парлумонхои Точикистон ва Хиндустон дар Русия – ИА Караван Инфо
Мулокоти намояндагони Парлумонхои Точикистон ва Хиндустон дар Русия

Раиси мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон Махмадтоир Зокирзода бо Раиси палатаи поёнии парлумони Хиндустон Лок Сабх Ом Бирла дар доираи иштироки хайати парлумонии Точикистон дар Анчумани X Парлумонии БРИКС дар Санкт-Петербург, Русия мулокот намуд.

Кайд гардид, ки гурухи байнипарлумонии дусти ва хамкории мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон бо палатаи поении парлумони Хиндустон — Лок Сабха яке аз аввалин гуруххое мебошад, ки пас аз ба даст овардани истиклолияти Давлати ва таъсиси Парлумони Чумхурии Точикистон таъсис дода шудааст.

Дар чараёни мулокот гуфта шуд, ки раванди густариши муносибатхои дучонибаи байнипарлумонии ду кишвар аз манфиатдори дар тахкими робитахои мутакобилан судманд шаходат медихад.

Хамчунин, умед ба хамкории бисёрчонибаи байнипарлумони дар доираи ассамблеяхои байнипарлумони, дигар ташкилотхо ва иттиходияхо изхор намуда шуд.

Илова бар ин, изхори бовари намуда шуд, ки ба шарофати муколамаи доими дар сатхи баланд муносибатхои дучонибаи Точикистону Хиндустон дар хама самтхо мазмуни нав пайдо мекунанд.

error: