Санаи 11 июли соли 2024 дар Вазорати рушди иктисод ва савдои Чумхурии Точикистон чаласаи гурухи кории Байнисохави оид ба тахияи стандартхои миллии экологи, ичтимои ва идоракунии корпоративи (ESG) баргузор гардид.
Дар чорабини намояндагони идорахои гуногун ва коршиносони Корпоратсияи Байналмилалии Молияви (МФК) иштирок намуданд.

Дар чараёни чаласа лоихаи карори Хукумати Чумхурии Точикистон «Дар бораи стандартхои миллии экологи, ичтимои ва идоракунии корпоративи дар Чумхурии Точикистон» барраси гардид. Стандартхои амалкунандаи Байналмилалии ESG ва тачрибаи дигар кишвархо дар татбики онхо омухта шуданд.
Инчунин, риояи стандартхои миллии экологи, ичтимои ва корпоративи (ESG) аз чониби ташкилотхое, ки дар Точикистон ахамияти бузурги чамъияти доранд, расонидани кумаки иттилооти ва методи аз чониби вазорату идорахо, инчунин макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати барраси гардид.
Лоихаи стандартхои миллии экологи, ичтимои ва идоракунии корпоративи (ESG) дар Чумхурии Точикистон бо дастгирии намояндагии Корпоратсияи Байналмилалии Молияви дар Чумхурии Точикистон бо чалби коршиносони байналмилали дар якчояги бо Вазорати рушди иктисод ва савдо таъсис дода шудааст.
Намояндаи МФК ва коршиносон кайд намуданд, ки дар гузаронидани тренингхо барои ташкилоту корхонахое, ки дар Точикистон фаъолият мекунанд ва стандартхои ESG-ро татбик мекунанд, мусоидат хоханд намуд.
Намояндагони идорахои давлати лоихаи ESG-ро саривакти дониста, омодагии худро ба хамкори изхор намуданд.
Аксхо: Вазорати рушди иктисод Ва савдои Чумхурии Точикистон