Узбекистон ва Хиндустон хамкорихои байнипарлумониро таквият медиханд – ИА Караван Инфо
Узбекистон ва Хиндустон хамкорихои байнипарлумониро таквият медиханд

Раиси Сенати Мачлиси Оли Танзила Нарбаева дар Санкт-Петербург бо Раиси палатаи поёнии парлумони Хиндустон Ом Бирла музокирот анчом дод. Дар чараёни мулокот масъалахои густариши хамкорихои сиёси, тичоратию иктисоди, фарханги-гуманитари, сайёхи ва байнипарлумони байни Узбекистон ва Хиндустон барраси шуданд.

Дар чараёни муколама ба чанбахои амалии рушди муносибатхои байнипарлумони диккати махсус дода шуд. Харду чониб зарурати ба рох мондани назорати системавии парлумониро барои ичрои созишномахое, ки дар сатхи баланд ба даст оварда шудаанд, таъкид намуданд.

Инчунин. ахамияти назарраси табодули тачриба дар сохаи конунсози ва рушди парлумони электрони изхор намуда шуд. Чонибхо дар бораи ташрифхои тарафайн, ки ба татбики ин хадафхо мусоидат мекунанд, мувофика намуданд.

Натичаи мулокот созишнома дар бораи тахия ва тасдики лоихаи хуччати тахкими хамкори буд, ки хамаи чанбахои дар боло зикршударо фаро мегирад. Ин икдом ба тахкими минбаъдаи робитахои байни Узбекистон ва Хиндустон, инчунин такмили хамкорихои байнипарлумони равона шудааст.

Аксхо: UzDaily.uz

error: