Гузориши махсус аз АИ “Караван Инфо”, Остона

Имруз, 25-уми июн дар Пойтахти Казокистон форуми сеюми Байналмилали ва намоишгохи “Энергетикаи Гармии Осиёи Маркази” расман ба кор шуруъ намуд. Чорабини дар Остона намояндагони ширкатхои пешрафтаи энергетики, мухандисон, коршиносон, сармоягузорон ва сохторхои давлатиро аз кишвархои минтака – Казокистон, Узбекистон, Киргизистон, Точикистон ва гайра чамъ овард.

Тавре, ки хабарнигори худамон аз чои ходиса хабар медихад, форум аллакай сатхи баланди фаъолияти тичоратиро нишон медихад: дар майдончахо лоихахои ояндадори сармоягузори, технологияхои нав дар сохаи таъминоти гарми, масъалахои навсозии неругоххои барки гарми ва хизматрасонии самараноки иншооти энергетики мухокима намуда мешаванд.

Дар доираи форум зиёда аз 20 муаррифии ташаббусхои сармоягузори, аз чумла лоихахо дар сохаи сохтмон ва тачдиди НБГ ба накша гирифта шудаанд. Чаласаи умуми оид ба накши нави энергетикаи гарми дар Рушди устувори Осиёи Маркази бахсхои чиддиро ба бор овард.

Интизор меравад, ки зиёда аз 200 мутахассис иштирок кунанд. Форум то 26 июн идома меёбад ва платформаи мухим барои тахкими хамкори, мубодилаи тачриба ва карорхои технологи дар соха хохад буд.



Аксхо: АИ “Караван Инфо”, Остона