Остона, 27 июни соли 2025 – АИ «Караван инфо». Дар чаласаи умумии Мачлис, вакилон тахти раёсати Спикери Палата Ерлан Кошанов Протоколи ворид намудани тагйирот ба Шартнома дар бораи кодекси Гумруки Иттиходи иктисодии Авруосиёро тасдик намуданд. Хуччати бо Фармони Президенти Чумхурии Казокистон аз 12 декабри соли 2023 имзошударо муовини Сарвазир Вазири иктисоди милли Серик Жумангарин пешниход намуд.

Ба гуфтаи Серик Чумангарин, Протокол таъсиси институти нави хукукии оператори тичорати электрониро пешбини мекунад. Ин оператор барои логистикаи молхое, ки шахсони вокеи дар сайтхои интернети харидори мекунанд, масъул хохад буд. Он инчунин бо сайтхои интернети ва макомоти гумрук хамкори намуда, равандхои эъломияи гумруки ва нигохдории молхои тичорати электрониро таъмин менамояд.
Тавре, ки рохбари гурухи кори Адил Чубанов шарх дод, тагйирот ба тартиби хариди молхо дар майдончахои савдои хоричи дахл хохад дошт. Молхое, ки дар фиристодахои байналмилалии почта аз хоричи ИИАО ба сурогаи шахсони вокеи фиристода мешаванд, холо ба категорияи алохидаи молхои тичорати электрони чудо намуда шудаанд. Пештар онхо ба молхои истифодаи шахси тааллук доштанд.
Илова бар ин, намунаи нави эъломияи гумруки эъломияи тичорати электрони чори намуда мешавад. Тамоми хачми молхои тичорати электрони, яъне хамаи молхое, ки шахсони вокеи дар майдончахои савдои хоричи харидаанд, бояд эъломия карда шаванд. Дар айни замон, молхо барои истифодаи шахси танхо хангоми зиёд шудани меъёрхои воридоти бе боч (200 евро ё 31 кг) эълон намуда мешаванд.
Дар чараёни мухокима, вакилон масъалахоро дар бораи тартиби дохил намудани операторхои тичорати электрони ба фехрист ба миен оварданд, ки дар он дар баробари ЧС Казпочта ва ТОО Dhl International Kazakhstan дохил намудани дигар ташкилотхо ба накша гирифта шудааст. Мачлисихо оид ба масъулияти оператор барои эъломияи молхо, чорахои муковимат ба кочок хангоми воридот, танзими масъулияти бозорхо дар назди истеъмолкунандагон ва дигар масъалахо тавзехот пурсиданд.
Гайр аз ин, Мачлис ислохоти Сенатро ба кодекси Нави Андоз ва конуни марбут ба он оид ба масъалахои андозбанди, инчунин ба конун “Дар бораи ворид намудани тагйиру иловахо ба Кодекси Чумхурии Казокистон “Дар бораи андозхо ва дигар пардохтхои хатми ба бучет” (кодекси Андоз) ва конунхои Чумхурии Казокистон оид ба масъалахои ба амал даровардани он” мувофика намуд.
Аксхо: Мачлиси ЧК