Казокистон эвакуатсияи шахрвандони худро аз кишвархои Шарки Наздик ба анчом расонид – ИА Караван Инфо
Казокистон эвакуатсияи шахрвандони худро аз кишвархои Шарки Наздик ба анчом расонид

Казокистон, 30 июни соли 2025 – АИ «Караван инфо». Вазорати корхои хоричии Казокистон бо мусоидати макомоти давлати ва шарикони хоричи мархилаи навбатии эвакуатсияи шахрвандонро аз Исроил ва Эрон ба анчом расонид.

Санаи 25 июн сафоратхонахои Казокистон дар Исроил ва Миср эвакуатсияи 37 нафарро ташкил намуданд, ки дар байни онхо 13 шахрванди Киргизистон ва Русия буданд. Аллакай 26 июн ин гурух бо парвози ширкати Хавопаймоии SCAT бо хатсайри Кохира Шимкент ба Казокистон баргашт. Имруз шумораи умумии эвакуатсияшудагон аз Исроил 103 нафарро ташкил медихад.

Аз Эрон, бо мусоидати сафоратхонахои ЧК дар Техрон, Ашкобод, Боку ва Ереван, аз лахзаи шиддат гирифтани вазъ дар минтака 233 шахрванди Казокистон бомуваффакият эвакуатсия намуда шуданд. Аз ин шумора 135 нафар тавассути Туркманистон, 25 нафар тавассути Озарбойчон, 73 нафар Тавассути Арманистон рафтанд.

Илова бар ин, дар давраи аз 23 то 25 июн, бинобар муваккатан баста шудани фазои хавои, шумораи зиёди шахрвандони Казокистон, ки дар Катар ва Аморати Муттахидаи Араб буданд, натавонистанд саривакт ба хона баргарданд. Муассисахои хоричии ЧК дар ин кишвархо дар халли масъалахо ва харчи зудтар баргардонидани хамватанон кумак ва дастгирии хамачонибаи консули – хукуки расониданд. Аз 24 то 27 июн бо мусоидати намояндагихои дипломатии Кишвар беш аз 1900 шахрванд аз Катар ва АМА ба Казокистон баргаштанд.

“ВКХ ва сафоратхонахои Казокистон мониторинги шабонарузии вазъи минтакаро идома медиханд ва ба шахрвандон дастгирии зарурии консули мерасонанд. Кафолати хукук, амният ва некуахволии казокистониёни дар хорича карордошта афзалияти бечунучарои фаъолияти идораи сиёсати хоричии ЧК боки мемонад”, – таъкид намуданд ВКХ.

Аксхо: ВКХ ЧК

error: