ОСТОНА, 2 июл – АИ «Караван инфо». Чаррохони маркази Илмии чумхуриявии педиатрия ва чаррохии кудакон чаррохии беназири кудаки навзодро, ки дар хафтаи 30-юм таваллуд шудааст, бо вазни 1500 грамм ва ташхиси нодири блокадаи атриовентрикуляри бомуваффакият анчом доданд.

Хануз пеш аз таваллуд, хомила кардиомегалия ва брадикардия дошт — суръати дил хамаги 49 зарба дар як дакика буд. Пас аз таваллуд кудак дар холати вазнин карор дошт. Дар рузи 22-юм, аз сабаби он ки дил хеле суст мезад ва кудак вазн намегирифт, табибон тасмим гирифтанд, ки кардиостимулятори муваккати насб кунанд.
Амалиёт бомуваффакият гузашт акнун суръати дил дар сатхи 130 – 140 зарба дар як дакика муътадил шуд, вазъ бехтар шуд, афзоиши вазн огоз ёфт. Вакте ки кудак ба 2 кг мерасад, ба у стимулятори доими насб карда мешавад.
Начоти кудак бо кори хамохангшудаи чаррохони дил тахти рохбарии Алмас Бердибеков ва табибони шуъбаи неонатали имконпазир шуд.
Сурат: ВТ ЧК